Боздошти зани миёнсол барои латукӯби шавҳари 79-солааш

© AP Photo/Sergey PonomarevСтарик , архивное фото
Старик , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зане хабар додааст, ки шавҳари аз худаш 34 сол калонтарро латукӯб намудааст
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд, хабар дод ВУД.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Зани 42 - сола, ки дар Хуҷанд шавҳарашро корд зад, боздошт шуд
Ба иттилои манбаъ, зани дастгиршуда 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, бинобар муноқишаи оилавии ба миён омада, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳараш, марди 79-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро якчанд маротиба бо бел ва каланд ба узвҳои баданаш задааст.
"Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №130 аз 30-юми марти соли равон ҷароҳати бардоштаи номбурда зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кард, ки алайҳи зани гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0