https://sputnik.tj/20210330/russia-amrico-guftushunid-1033099274.html
Кремл тафсилоти гуфтушуниди қарибулвуқӯъ бо Амрикоро гуфт
Кремл тафсилоти гуфтушуниди қарибулвуқӯъ бо Амрикоро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русияву Амрико суолҳои зиёдеро доранд, ки ниёз ба баррасӣ дорад: аммо Маскав он мавзӯъҳоеро номбар кардааст, ки баяд сареан бо Вашингтон ҳал карда шаванд 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T13:49+0500
2021-03-30T13:49+0500
2021-04-12T14:33+0500
сиёсат
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
амрико
кремл
гуфтушунид
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098069_0:241:2949:1899_1920x0_80_0_0_6c4aa30b9bca4e47e50aaca88ce69fe8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Русия бояд як қатор мавзӯъҳои муҳимро баррасӣ кунад. Дар ин бора намояндаи Кремл Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо "Аргументы и Факты" гуфтааст.Ба он нигоҳ накарда, ки дар муносиботи байни ду кишвар ихтилофи ҷиддӣ ҷой дорад, мақомоти кишварҳо дарк мекунанд, ки бояд дар мавзӯи ҷаҳонӣ, ки дар он чанд масъалаи тезутунд ҷой дорад, гуфтушунид кард."Албатта гуфтушунид бо амрикоиҳо дар доираи мавзӯъҳое, ки дар манфиати мост, барои мо муҳим аст", - таъкид кард Песков.Ба гуфти вай, яке аз мавзӯъҳо барои баррасӣ байни Русия ва Амрико суботи стратегӣ ва назорати силоҳ хоҳад буд. Афзун бар ин, байни кишварҳо вазифаи муҳими ба эътидол овардани танишҳои минтақавӣ меистад. Дар навбати аввал онҳое, ки нақши Вашингтон "арзиши амалӣ" дорад."Ба ҳар ҳол бо амрикоиҳо бояд сӯҳбат кард, масъалан дар мавзӯи Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак оид ба Эрон", - қайд кард Песков. Вай афзуд, ки Русия ва ИМА бояд дигар вазъиятҳои ҷаҳониро низ баррасӣ кунанд. Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шудАхиран муносибат байни ду кишвар на танҳо бо далели таҳримҳои Амрико зидди лӯлаи "Маҷрои шимолӣ - 2"-и Русия зери таҳдид қарор гирифт, балки дар пайи шиорҳои таҳоҷумии роҳбари Амрико Ҷо Байден тезутунд шуд.Ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо яке аз телевизионҳои Амрико гуфта буд, ки Русия бояд гӯё барои он ки ба интихоботи президентии соли 2016 дахолат карда буд, посух гӯяд.
https://sputnik.tj/20210329/amriko-khushunat-osiyotabor-1033093246.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033098069_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_61a5809e9359e3c5990dd15dc612bea5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амрико, кремл, гуфтушунид, дар русия
сиёсат , дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амрико, кремл, гуфтушунид, дар русия
Кремл тафсилоти гуфтушуниди қарибулвуқӯъ бо Амрикоро гуфт
13:49 30.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Русияву Амрико суолҳои зиёдеро доранд, ки ниёз ба баррасӣ дорад: аммо Маскав он мавзӯъҳоеро номбар кардааст, ки баяд сареан бо Вашингтон ҳал карда шаванд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Русия бояд як қатор мавзӯъҳои муҳимро баррасӣ кунад. Дар ин бора намояндаи Кремл Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо "Аргументы и Факты" гуфтааст.
Ба он нигоҳ накарда, ки дар муносиботи байни ду кишвар ихтилофи ҷиддӣ ҷой дорад, мақомоти кишварҳо дарк мекунанд, ки бояд дар мавзӯи ҷаҳонӣ, ки дар он чанд масъалаи тезутунд ҷой дорад, гуфтушунид кард.
"Албатта гуфтушунид бо амрикоиҳо дар доираи мавзӯъҳое, ки дар манфиати мост, барои мо муҳим аст", - таъкид кард Песков.
Ба гуфти вай, яке аз мавзӯъҳо барои баррасӣ байни Русия ва Амрико суботи стратегӣ ва назорати силоҳ хоҳад буд. Афзун бар ин, байни кишварҳо вазифаи муҳими ба эътидол овардани танишҳои минтақавӣ меистад. Дар навбати аввал онҳое, ки нақши Вашингтон "арзиши амалӣ" дорад.
"Ба ҳар ҳол бо амрикоиҳо бояд сӯҳбат кард, масъалан дар мавзӯи Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак оид ба Эрон", - қайд кард Песков.
Вай афзуд, ки Русия ва ИМА бояд дигар вазъиятҳои ҷаҳониро низ баррасӣ кунанд.
Ахиран муносибат байни ду кишвар на танҳо бо далели таҳримҳои Амрико зидди лӯлаи "Маҷрои шимолӣ - 2"-и Русия зери таҳдид қарор гирифт, балки дар пайи шиорҳои таҳоҷумии роҳбари Амрико Ҷо Байден тезутунд шуд.
Ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо яке аз телевизионҳои Амрико гуфта буд, ки Русия бояд гӯё барои он ки ба интихоботи президентии соли 2016 дахолат карда буд, посух гӯяд.