https://sputnik.tj/20210330/barq-jahon-khomush-Soati-Zamin-aks-1033100903.html
Вақте, ки барқ дар ҷаҳон хомӯш мешавад: чигуна маъракаи "Соати Замин" баргузор шуд - акс
Вақте, ки барқ дар ҷаҳон хомӯш мешавад: чигуна маъракаи "Соати Замин" баргузор шуд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Соле як маротиба чароғҳо дар ҷаҳон барои 60 дақиқа хомӯш мешаванд: ба ин васила ташкилкунандагони маъракаи "Соати Замин" мехоҳанд таваҷуҳи мардумро ба... 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T15:23+0500
2021-03-30T15:23+0500
2021-03-30T15:46+0500
акс
барқ
лаҳзаи хомӯшӣ
бебарқӣ
таваҷҷуҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1c/1033088987_0:146:2048:1298_1920x0_80_0_0_8279d338538544125cc79035739a43ce.jpg
Дар ҷаҳон 27 март барои 15-ум маротиба аст аксияи васеъ "Соати Замин" баргузор гардид. Онро Фонди ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF) ташкил мекунад.Ҳамин тавр, сол аз сол равшанӣ дар курраи замин дар тӯли 60 дақиқа дар ҳазорҳо ёдгориҳои меъмории ҷаҳон ва хонаҳо хомуш карда мешавад. Ҳатто дар манораи Эйфел, Биг Бен ва Колизей равшанӣ хомӯш карда мешавад.Ҳамин тариқ, сташкилкунандагони ин маърака мехоҳанд таваҷҷӯҳи мардумро ба масъалаҳои мубрами рӯи замин: истифодаи оқилонаи захираҳо ва рафтори бо масъулият ба табиат ҷалб намоянд.Ҳар як шахс метавонад дар ин маърака иштирок намояд. Барои ин ӯ бояд дар вақти муайян барқро хомӯш намояд.Бори аввал чорабинӣ бо ташаббуси WWF дар Сидней, Австралия дар соли 2007 баргузор гардид. Ин амал ба дигар кишварҳо писанд омад ва соли оянда ба ин маърака алакай 35 кишвар ҳамроҳ шуданд.Ба гуфтаи коршиносон, чунин тадбир, ҳарчанд барои муддати кӯтоҳе ҳам сурат гирад, ба коҳиши сарборӣ ба шабакаҳои барқи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.“Дар қиёс ба дигар захзоири табии қуваи барқро наметавон нигоҳ дошт. Бар ҳамон лаҳза истифодаву масраф мешавад”, - таъкид дошт ба рӯзномаи “Известия”, профессор доктори илмҳои техникӣ Николай Рогалёв.Дар соли 2019, зиёда аз ду миллиард нафар дар 188 кишвари ҷаҳон ба маъракаи “Соати замин” пайвастанд.
https://sputnik.tj/20210120/Tiorati-tappak--dar-Tajikiston-1032657872.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1c/1033088987_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_e55daab901b413530560df8600028089.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, барқ, лаҳзаи хомӯшӣ, бебарқӣ, таваҷҷуҳ
акс, барқ, лаҳзаи хомӯшӣ, бебарқӣ, таваҷҷуҳ
Вақте, ки барқ дар ҷаҳон хомӯш мешавад: чигуна маъракаи "Соати Замин" баргузор шуд - акс
15:23 30.03.2021 (Навсозишуда: 15:46 30.03.2021) Соле як маротиба чароғҳо дар ҷаҳон барои 60 дақиқа хомӯш мешаванд: ба ин васила ташкилкунандагони маъракаи "Соати Замин" мехоҳанд таваҷуҳи мардумро ба мушкилоти сайёра ҷалб намоянд
Дар ҷаҳон 27 март барои 15-ум маротиба аст аксияи васеъ "Соати Замин" баргузор гардид. Онро Фонди ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF) ташкил мекунад.
Ҳамин тавр, сол аз сол равшанӣ дар курраи замин дар тӯли 60 дақиқа дар ҳазорҳо ёдгориҳои меъмории ҷаҳон ва хонаҳо хомуш карда мешавад. Ҳатто дар манораи Эйфел, Биг Бен ва Колизей равшанӣ хомӯш карда мешавад.
Ҳамин тариқ, сташкилкунандагони ин маърака мехоҳанд таваҷҷӯҳи мардумро ба масъалаҳои мубрами рӯи замин: истифодаи оқилонаи захираҳо ва рафтори бо масъулият ба табиат ҷалб намоянд.
Ҳар як шахс метавонад дар ин маърака иштирок намояд. Барои ин ӯ бояд дар вақти муайян барқро хомӯш намояд.
Бори аввал чорабинӣ бо ташаббуси WWF дар Сидней, Австралия дар соли 2007 баргузор гардид. Ин амал ба дигар кишварҳо писанд омад ва соли оянда ба ин маърака алакай 35 кишвар ҳамроҳ шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, чунин тадбир, ҳарчанд барои муддати кӯтоҳе ҳам сурат гирад, ба коҳиши сарборӣ ба шабакаҳои барқи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
“Дар қиёс ба дигар захзоири табии қуваи барқро наметавон нигоҳ дошт. Бар ҳамон лаҳза истифодаву масраф мешавад”, - таъкид дошт ба рӯзномаи “Известия”, профессор доктори илмҳои техникӣ Николай Рогалёв.
Дар соли 2019, зиёда аз ду миллиард нафар дар 188 кишвари ҷаҳон ба маъракаи “Соати замин” пайвастанд.

Акси бурҷи Эйфил дар Порис зимни маъракаи "Соати Замин"

Барқ дар Гонконг низ барои 60 дақиқа хомӯш шуд

Хомушкунии барқ дар Дания

Маъракаи "Соати Замин" дар Ҳинд
Майдони сурхи Маскав барои 60 дақиқа бе барқ монд


Олмон низ ба маъракаи "Соати Замин" ҳамроҳ шудааст

Акси Токио ҳангоми маъракаи "Соати Замин"

60 дақиқаи бебарқи дар Афина

Лондон ҳам ба торикӣ рафт: баргузории маъракаи "Соати Замин" дар Бритониё