https://sputnik.tj/20210330/Zarif-ravobit-nazdik-Ironu-Afghanistan-nokhushnudand--1033096963.html
Зариф: бархе кишварҳо аз равобити наздики Эрону Афғонистон нохушнуданд
Зариф: бархе кишварҳо аз равобити наздики Эрону Афғонистон нохушнуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе бо ҳамтои афғонистонии худ дидору гуфтугӯ кард 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T09:00+0500
2021-03-30T09:00+0500
2021-04-12T19:30+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
эрон
муҳаммадҷавод зариф
ҳамто
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101638/13/1016381329_0:27:2918:1668_1920x0_80_0_0_eea1c38ac2d116f6e3eea6cda531f093.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар шаҳри Душанбе охирин вазъияти ҳамкориҳои Теҳрон ва Кобулро бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон мурур кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".Зариф бо ишора ба рафъи бархе маҳдудиятҳои консулӣ барои шаҳрвандони Афғонистон, ҳадаф аз ин иқдомотро мубориза бо бондҳои қочоқи атбои Афғонистон ба Эрон дониста ва бар идомаи талошҳо барои шаффофсозии ҳузури атбои Афғонистон дар Эрон таъкид кард.Вазири умури хориҷаи Афғонистон низ дар ин дидор маротиби ташаккури давлат ва миллати худро аз мусоидатҳои Эрон дар маҳори оташсӯзиҳои гумрукҳои марзии Афғонистон эълом кард ва Эронро наздиктарин дӯсти Афғонистон хонд.Атмар хостори идомаи тавсеаи ҳамкориҳо ва машваратҳои созандаи Эрон дар ҳавзаҳои сиёсиву иқтисодии Афғонистон шуд ва бар омодагии комили Кобул барои ташкили комиссияи муштараки ду кишвар дар ҳафтаҳои оянда таъкид кард.Ашраф Ғанӣ гуфт, пас аз хатми раёсаташ дар Тоҷикистон кор мекунадТабодули назар дар бораи раванди сулҳи Афғонистон дигар мавзӯи гуфтугӯи Зариф ва Атмар буд.
https://sputnik.tj/20210329/Mulooti-Zarif-va-Ramon-ch-guftand-1033096476.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101638/13/1016381329_377:0:2918:1906_1920x0_80_0_0_bb9ec7da8ce38bbd25a77621230fce9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, эрон, муҳаммадҷавод зариф, ҳамто, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, эрон, муҳаммадҷавод зариф, ҳамто, афғонистон
Зариф: бархе кишварҳо аз равобити наздики Эрону Афғонистон нохушнуданд
09:00 30.03.2021 (Навсозишуда: 19:30 12.04.2021) Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе бо ҳамтои афғонистонии худ дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар шаҳри Душанбе охирин вазъияти ҳамкориҳои Теҳрон ва Кобулро бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон мурур кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
“Талоши бархе тарафҳо барои тираву тор кардани фазои афкори умумӣ дар Эрону Афғонистон нишонаи нохушнудии он кишварҳо ва ҷараёнҳо аз наздик шудани Эрон ва Афғонистон аст”, - гуфт Вазири хориҷаи Эрон дар ин дидор.
Зариф бо ишора ба рафъи бархе маҳдудиятҳои консулӣ барои шаҳрвандони Афғонистон, ҳадаф аз ин иқдомотро мубориза бо бондҳои қочоқи атбои Афғонистон ба Эрон дониста ва бар идомаи талошҳо барои шаффофсозии ҳузури атбои Афғонистон дар Эрон таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Афғонистон низ дар ин дидор маротиби ташаккури давлат ва миллати худро аз мусоидатҳои Эрон дар маҳори оташсӯзиҳои гумрукҳои марзии Афғонистон эълом кард ва Эронро наздиктарин дӯсти Афғонистон хонд.
Атмар хостори идомаи тавсеаи ҳамкориҳо ва машваратҳои созандаи Эрон дар ҳавзаҳои сиёсиву иқтисодии Афғонистон шуд ва бар омодагии комили Кобул барои ташкили комиссияи муштараки ду кишвар дар ҳафтаҳои оянда таъкид кард.
Табодули назар дар бораи раванди сулҳи Афғонистон дигар мавзӯи гуфтугӯи Зариф ва Атмар буд.