Молро мегирифту пулашонро намедод: боздошти Зоғаков

© Pixabay Доллары
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бодошти марди 38-сола бо иттиҳоми дигарбора даст задан ба қаллобӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда Зоғаков Сангалӣ, сокини 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
Cокини шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Ҳалимов Фаррух Муидинҷонович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
"Шеваи нави фиребкории Фаррух, ки худро прокурор, суд, амният гуфта, пул мегирифт" - видео
Ба иттилои манбаъ, Зоғаков, ки қаблан низ даст ба қаллобӣ задаасту маҳкум шудааст, дубора ҷиноят содир кардааст.
ВУД таъкид намуд, ки Зоғаков Сангалӣ муддати зиёд бо кирдори ғайриқонунии худ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз роҳи фиреб бо мақсади даромади муфт ба даст овардан, маблағҳои калони пулии сокинони ноҳияро аз они худ кардааст.
“Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд Пиров Умархон даромада, ба маблағи 85 000 сомонӣ асбобҳои барқии гуногунро тариқи нася гирифта, онҳоро фурӯхта маблағи ба дастовардаашро ба манфияти шахсияш истифода мебарад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Зоғаков такроран моҳи сентябри соли 2020 бо сӯистифодаи боварӣ аз Иброҳимов Ҷамолиддин маблағи 50 000 сомониро гирифта, то ҳол бар нагардонидааст.
Маъмурини милисаи ноҳияи Ҷайҳун алайҳи Зоғаков Сангалӣ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0