https://sputnik.tj/20210330/Marde-sohil-Dushanbe-dor-ovekhtaast-aks-1033103552.html
Марде дар соҳили дарёи Душанбе худро овехтааст - акс
Марде дар соҳили дарёи Душанбе худро овехтааст - акс
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳолати худовезии як мард дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T18:55+0500
2021-03-30T18:55+0500
2021-04-19T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
худкушӣ
ҳодиса
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101668/90/1016689094_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_5861c81441f0cd8f0f9f44ed6f7b00dc.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодиса имрӯз рух додааст. Субҳи имрӯз ба идораи КҲФ дар шаҳри Душанбе сокинони маҳаллӣ хабар доданд‚ ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Сабзкор марди ношиносе худро овехтааст."Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи якуми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд", - омадааст дар иттилоия.Маълум гардидааст, ки марди марҳум зодаи 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошад. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин мард дар бетони рӯди Душанбе феълан номаълум мебошад. КҲФ мегӯяд, имдодгарон ҷасадро аз девори бетонии соҳил поин оварданд ва ба кормандони милитсияи ноҳия, ки ба ҷойи ҳодиса даъват шуда буданд, супурданд.Таъкид шудааст, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101668/90/1016689094_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_ef01fd381ffa048637447398586fdb57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, худкушӣ, ҳодиса, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, худкушӣ, ҳодиса, дар тоҷикистон
Марде дар соҳили дарёи Душанбе худро овехтааст - акс
18:55 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳолати худовезии як мард дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодиса имрӯз рух додааст. Субҳи имрӯз ба идораи КҲФ дар шаҳри Душанбе сокинони маҳаллӣ хабар доданд‚ ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Сабзкор марди ношиносе худро овехтааст.
"Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи якуми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Маълум гардидааст, ки марди марҳум зодаи 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошад. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин мард дар бетони рӯди Душанбе феълан номаълум мебошад.
КҲФ мегӯяд, имдодгарон ҷасадро аз девори бетонии соҳил поин оварданд ва ба кормандони милитсияи ноҳия, ки ба ҷойи ҳодиса даъват шуда буданд, супурданд.
Таъкид шудааст, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.