Мясников дар бораи "саратони сироятӣ" - и даҳшатнок гуфт

Обуна шудан
"Саратони сироятӣ" - табиб ва ровии телевизион Александр Мясников яке аз бемориҳои даҳшатнокеро ном бурд, ки бо саривақт ошкор сохтани он метавон аз оқибатҳои ғамангез пешгирӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Сабаби рушди саратон метавонад папилломавируси одам бошад. Дар ин бора табиб ва ровии телевизион Александр Мясников дар эфири шабакаи телевизионии Россия 1 хабар дод.
Вай гуфт, ки чунин бемории онкологӣ, ба мисли саратони гарданаки бачадон, бемории сироятӣ аст. Тақрибан 50 навъи ин вирус метавонад ба луобпардаҳо таъсир расонад.
"Солҳои пеш олимони ҷопонӣ кашф карданд, ки маъмултарин саратони гинекологӣ, саратони гарданаки бачадон аст, ки миллионҳо нафар одамонро дар сайёра куштааст. Ин бемории сироятӣ аст", таъкид кард Мясников.
Ба гуфти табиб, баъзе вирусҳо қобилияти тағйир додани луобпардаҳоро доранд, то дар онҳо ҳуҷайраҳои саратон инкишоф ёбанд. Ин ҳодиса бо сабаби тағирёбии барангезандаи сирояти ДНК-и ҳуҷайра ба амал меояд. Аз ин сабаб, мутатсияҳо пайдо мешаванд, ки ба таназзули ҳуҷайра ба як саратон оварда мерасонанд.
Доктор медицинских наук, профессор и телеведущая Елена Малышева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Мясников қайд кард, ки папилломавируси инсон метавонад на танҳо саратони гарданаки бачадон, балки саратони гулӯ, сар, гардан ва дигар узвҳоро низ ба вуҷуд орад.
Дар Русия озмоиши ваксини "Спутник V" барои беморони саратон оғоз ёфт
Ба гуфти мутахассис, эмкунӣ ва муоинаи мунтазами тиббӣ ба ҳимоя аз мушкилоти ҷиддии саломатӣ мусоидат хоҳад кард.
Коронавирус духтаракеро, ки се маротиба бар саратон пирӯз шуда буд, кушт
Вай қайд кард, ки ваксинаи муосир барои мубориза бо қариб ҳама намудҳои бемориҳои сироятии онкогенӣ равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0