Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон меравад

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЗавершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш даъват кард
ДУШАНБЕ, 29 март – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Афғонистон меравад. Президентро ҳамтои афғонистониаш Ашраф Ғанӣ даъват кардааст.
Даъвати раисҷумҳури Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон пазируфтааст.
"Бо камоли сипос даъвати Шуморо, бародари гиромӣ, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба сарзамини бостонии Афғонистон пазироӣ менамоям. Ман ҳатман дар аввалин фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташриф хоҳам овард", - изҳор доштааст вай.
Тоҷикистону Афғонистон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон менависад, таърихи ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон бори охар ба ҷумҳурии Афғонистон соли 2014 сафар дошт. Президент дар арафаи таҷлили Наврӯз ба ин кашвар парвоз кард ва  дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ширкат кард.
Лентаи хабарҳо
0