Қирғизистон навори омодагиҳо ба размоишро нашр кард: аз зиреҳпӯш то чархболҳо - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Қирғизистон навори омодагии низомиёнашро ба размоиши бузург, ки аввали моҳи апрел дар ҷануби ин кишвар, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар назар аст, нашр кардааст
Интизор меравад, ки размоиши низомиёни Қирғизистон аз 1 то 3-юми апрел бо ҷалби нерӯҳои ҳавоию хушкигард баргузор гарданд.
Военные России и Ирана отбили судно у пиратов: учения в Индийском океане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Тамрини низомии Эрону Русия дар уқёнуси Ҳинд алайҳи роҳзанҳо - видео
Вазорати дифои Қирғизистон аз омодагӣ ба машқҳои "Амният - 2021" ва "Воҳидҳои ҷануб - 2021" гузориш додааст.
"Террористҳо дар халтаи оташин": навор аз размоиши муштараки Тоҷикистону Русия
Хабар дода мешавад, ки ҳаракатҳои низомӣ дар минтақаҳои Бодканд, Ош ва Ҷалолобод сурат мегиранд. Дар машқҳои серӯза ҳудуди 2 ҳазор низомӣ, 100 адад техникаи автомобилӣ, зиреҳпӯшҳо ва техникаҳои махсус, то 20 адад системаҳои артиллерӣ ва то 10 адад техникаи ҳавоӣ ҷалб карда мешаванд
Бар асоси наворҳои омодагӣ ба размоиш, ки Вазорати дифои Русия нашр кардааст, аз чархболҳо партоби мушакҳо сурат гирифт, аз мошинҳои ҷангии пиёдагард ва системаҳои мушакии зиддиҳавоӣ оташ кушода шуд.
Лентаи хабарҳо
0