Ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскави нав ба шаҳрвандони Тоҷикистон: яке кушта шуд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Дар паи ҳамлаи ашхоси номаълум се шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, як тан ҷон бохт: аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Ба чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскави нав ҳамла карданд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Гуфта мешавад, ки се муҳоҷир ҷароҳат бардоштаанд ва як нафари дигар кушта шудааст.
Бо балони газ заданд: дар Петербург ноболиғон 4 муҳоҷири тоҷикро шадидан кӯфтанд
Аксари хориҷиён бо корд захмӣ шуданд.
"Ду нафари онҳо аз тири таппонча ҷароҳатдор шудаанд. Мошине низ бо ҷасад дарёфт шуд, ки ӯ низ захми корд дошт", -  гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Ҳувият ва ангезаҳои ҳамлагарон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз муқаррар нашудааст.
Боздошти сокини Рязан, ки як муҳоҷирро кушт ва дуи дигарро маҷрӯҳ кард
Як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарҳ дод, ки эҳтимолан ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик ба муноқишаи шаби 27 март дар қаламрави бозори "Фуд Сити" дар шоҳроҳи Калужское рабт дорад.
Лентаи хабарҳо
0