https://sputnik.tj/20210329/emgirii-kormandoni-tibb-dar-Tojikiston-1033092234.html
Идомаи эмгирии кормандони соҳаи тибб дар Тоҷикистон
Идомаи эмгирии кормандони соҳаи тибб дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ваксингирӣ алайҳи коронавирус бо доруи англисӣ-шведии AstraZeneca, ки рӯзи 23 март оғоз шуд идома дорад 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T10:35+0500
2021-03-29T10:35+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
вазорати тандурустии ҷт
эмгузаронӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033096322_0:7:1000:572_1920x0_80_0_0_246d4611700233305e55a4e914bf87b3.jpg
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон айни замон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.Дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар ТоҷикистонЁдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавадӮ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.
https://sputnik.tj/20210328/istemoli-gizo-vaksingir-khatar-1033087934.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033096322_40:-1:1000:603_1920x0_80_0_0_ff808c08c38e9cefb12144af56f28601.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вазорати тандурустии ҷт, эмгузаронӣ, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вазорати тандурустии ҷт, эмгузаронӣ, коронавирус
Идомаи эмгирии кормандони соҳаи тибб дар Тоҷикистон
10:35 29.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дар Тоҷикистон ваксингирӣ алайҳи коронавирус бо доруи англисӣ-шведии AstraZeneca, ки рӯзи 23 март оғоз шуд идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон айни замон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.
Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.
Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.