https://sputnik.tj/20210329/dodgoh-bda-sughd-hukm-1033093389.html
Чор соли зиндони Азаматов, собиқ мақомдори БДА, барои садамае, ки ҷони як милисаро гирифт
Чор соли зиндони Азаматов, собиқ мақомдори БДА, барои садамае, ки ҷони як милисаро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Додрас бар асоси ду моддаи қонун парвандаро баррасӣ карда, нисбати Азаматов ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чаҳор сол ҳукм намудааст 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T13:05+0500
2021-03-29T13:05+0500
2021-07-07T18:38+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257013_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_ccd480b8557248d2576fd0be7fbb13d6.jpg
ДУШАНБЕ, 29 март – Sputnik. Суди ноҳияи Синои пойтахт алайҳи Баҳром Азаматов, собиқ корманди баландмақоми Идораи БДА вилояти Суғд, ки дар содир намудани садамаи фоҷиабори нақлиётӣ гумонбар дониста мешуд, ҳукм эълон кардааст.Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон додрас бар асоси ду моддаи қонун парвандаро баррасӣ карда, нисбати Азаматов ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чаҳор сол ҳукм намудааст.Баҳром Азаматов, корманди пешини Идораи БДА вилояти Суғд аст, ки дар содир намудани садамаи нақлиётӣ гумонбар дониста мешуд.Ҳодисаи фоҷиабори бархурди мошинҳо, шаби 3 октябри соли 2020 тахминан соати 22:30 дақиқа дар болои купруки кӯҳнаи Сирдарё дар Хуҷанд рух дод, ки бар асари он Акбар Ғаффорзода, корманди 32- солаи шуъбаи кофтукоби ҷиноии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.Дар замони вуқӯъи ин ҳодиса РВКД дар вилояти Суғд ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки ин ҳодисаи нохуш бо сабаби ба самти муқобили ҳаракат баромадани мошини тамғаи Mersedess GL ҷип, рақамаш 01 74, ки ба Баҳром Азаматов, корманди шуъбаи имтиҳонию бақайдгирӣ (РЭО) БДА Суғд тааллуқ дорад, рух додааст.Мақомот гуфта буданд, ки ҳодиса тавре рух додааст, ки ронандаи мошини Mersedess GL бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат баромада бо мошини корманди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бар хурда ва дар пайи ҷароҳатҳои зиёд, Акбар Ғаффорзода дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Мақомоти тафтишотӣ қаблан нисбати Азаматов бо моддаҳои 212 қисми 2, (вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гаштааст) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.Боздошти Рустамхуҷа, бародари Баҳром Азаматов, корманди баландмақоми БДА-и СуғдДар пайи оғози парвандаи ҷиноӣ дар охирҳои соли 2020 бо фармони вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, Баҳром Азаматов аз мақомаш дар БДА-и Суғд барканор карда шуд.Бар пояи иттилои БДА давоми соли 2020 дар ҳудуди роҳҳои вилояти Суғд, бештар аз 230 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи рухдоди чунин ҳодисаҳои мудҳиш беш аз 210 кас ҳалок шуда, 235 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
https://sputnik.tj/20201215/Bahrom-Azamatov-dar-payi-rukhdodi-sadamai-nalit-az-safi-BDA---i-Sugd-khorij-shudaast-1032459649.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257013_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_987ed8e0c5b7873ff64879d0672d4466.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Чор соли зиндони Азаматов, собиқ мақомдори БДА, барои садамае, ки ҷони як милисаро гирифт
13:05 29.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Додрас бар асоси ду моддаи қонун парвандаро баррасӣ карда, нисбати Азаматов ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чаҳор сол ҳукм намудааст
ДУШАНБЕ, 29 март – Sputnik. Суди ноҳияи Синои пойтахт алайҳи Баҳром Азаматов, собиқ корманди баландмақоми Идораи БДА вилояти Суғд, ки дар содир намудани садамаи фоҷиабори нақлиётӣ гумонбар дониста мешуд, ҳукм эълон кардааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон додрас бар асоси ду моддаи қонун парвандаро баррасӣ карда, нисбати Азаматов ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чаҳор сол ҳукм намудааст.
“Ҳукми суд чанд рӯз пеш содир шуда ба судшаванда дар умум ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 сол таъин карда шудааст. Ҷониби судшаванда метавонад аз болои ин ҳукм ба зинаи дигари додгоҳ шикоят пеш оварад”, - гуфт манбаъ.
Баҳром Азаматов, корманди пешини Идораи БДА вилояти Суғд аст, ки дар содир намудани садамаи нақлиётӣ гумонбар дониста мешуд.
Ҳодисаи фоҷиабори бархурди мошинҳо, шаби 3 октябри соли 2020 тахминан соати 22:30 дақиқа дар болои купруки кӯҳнаи Сирдарё дар Хуҷанд рух дод, ки бар асари он Акбар Ғаффорзода, корманди 32- солаи шуъбаи кофтукоби ҷиноии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар замони вуқӯъи ин ҳодиса РВКД дар вилояти Суғд ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки ин ҳодисаи нохуш бо сабаби ба самти муқобили ҳаракат баромадани мошини тамғаи Mersedess GL ҷип, рақамаш 01 74, ки ба Баҳром Азаматов, корманди шуъбаи имтиҳонию бақайдгирӣ (РЭО) БДА Суғд тааллуқ дорад, рух додааст.
Мақомот гуфта буданд, ки ҳодиса тавре рух додааст, ки ронандаи мошини Mersedess GL бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат баромада бо мошини корманди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бар хурда ва дар пайи ҷароҳатҳои зиёд, Акбар Ғаффорзода дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти тафтишотӣ қаблан нисбати Азаматов бо моддаҳои 212 қисми 2, (вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гаштааст) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.
Дар пайи оғози парвандаи ҷиноӣ дар охирҳои соли 2020 бо фармони вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, Баҳром Азаматов аз мақомаш дар БДА-и Суғд барканор карда шуд.
Бар пояи иттилои БДА давоми соли 2020 дар ҳудуди роҳҳои вилояти Суғд, бештар аз 230 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи рухдоди чунин ҳодисаҳои мудҳиш беш аз 210 кас ҳалок шуда, 235 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.