Дар Восеъ 250 хонаводаро кӯч доданд

CC0 / pixabay. / Сапоги
Сапоги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Боронгариҳои шадид боиси баланд шудани сатҳи оби дарёҳо гардидааст, ки дар натиҷа эҳтимоли рахна шудани сарбандҳои муҳофизатӣ ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Рӯзи гузашта бинобар боришоти шадиди борон дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон болоравии сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб ба қайд гирифта шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, рӯзи 28 март бар асари боришоти шадиди борон сатҳи оби дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб баланд шуд, ки ба сарбандҳои муҳофизатии дарёҳо хатар эҷод кард.
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Борону барф: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Дар ҳамин ҳол, барои таъмин намудани амнияти сокинон, наҷотбахшон 250 хонаводаро аз деҳаи Гултеппа, ҷамоати деҳоти Ҳ. Раҷабови ноҳияи Восеъро ба маконҳои амнтар кӯч доданд. Зимнан, барои назорати сатҳи оби дарёҳо дар ин макон ситоди доимӣ таъсис дода шуд, ки онро муовини якуми раиси КҲФ роҳбарӣ мекунад.
Манбаъ меафзояд, бо мақсади пешгирӣ аз рахнашавии сарбанд, кормандони КҲФ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 40 мукааб оҳани бетонӣ интиқол доданд, ки 20-тои он дар қисматҳои вайроншудаи сарбанди муҳофизатӣ гузошта шуд.
Инчунин, дар ҳудуди дарёи Сурхоб дар наздикии ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, 20 мукааб оҳани бетонӣ насб карда шуд.
Гуфта мешавад, дар корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ҷалб карда шуд ва феълан корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0