Садамаи маргбор: сокини ноболиғи Душанбе чор ҳамсолашро зер кард

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе
Скорая помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие бо ширкати ронандаи ноболиғ хабар медиҳад, ки чор ҳамсолашро пахш кард
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодисаи мудҳиш рӯзи 26-уми март, тахминан соати 15:30 рух додааст.
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Садамаи мудҳиш: мошин дар роҳи Ёвон ба ҷарии 30-метрӣ чаппа шуд
Гуфта мешавад, ки ноболиғ, Саъдуллоев Абдулло Иброҳимович, сокини 17 -солаи шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чанбаракаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ-21015", ки ба Азизов Бузургхӯҷа Розиқович, сокини 47-солаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, нишастааст.
Ноболиғ ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаҳаи Дарёобод-1-и ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.
Мошини ҳомили 5 донишҷӯ дар Варзоб ба автомашинаи боркаш бархӯрд
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин росто ронанда ноболиғон: Неъматов Тоҳир, соли таваллудаш 2014, Шарифов Эмомуддин Дилшодович, соли таваллудаш 2010, Шарифов Абдулло Дилшодович, соли таваллудаш 2015 ва Раҳматов Абдурозиқ Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 2011, сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабободро, ки дар канори роҳи мошингард қарор доштанд, пахш намудааст.
"Дар натиҷа, ноболиғ Неъматов Тоҳир ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома. 
Манбаъ афзуда, ки се ноболиғи дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0