Чӣ гуна киштиеро, ки ҳаракат дар канали Суэтсро баст, бардоштанд - видео

Обуна шудан
Кишти бузурги боркаши Ever Given, ки дар тунукоба дармонду ҳаракат дар канали Суэтсро масдуд кард, аз тунукоба бардошта шуд. Аммо феълан маълум нест, ки кай канал барои ҳаракати киштиҳо боз хоҳад шуд
Пешрафт дар амалиёти наҷотбахшӣ баъди он ҳосил шуд, ки аз канори киштии боркаш ҳудуди 27 ҳазор метри муккааб рег бардошта шуд, хабар медиҳад Bloomberg.
Киштии контейнербари  EVER GIVEN дар канали Суэтс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Тамбашавӣ дар Суэтс: киштии Ever Given боиси бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ шуд - аксҳо
Рӯзи 23 март дар пайи он, ки  киштии бузурги контейнербар - Ever Given дар тунукоба дармонд ва ҳаракат аз ду тараф дар канали Суэтс қатъ карда шуд. Киштии 400 метра аз Чин ба Роттердам равон буд
Киштии контейнербари 400-метра Ever Given, ки ба ширкати Shoei Kisen тааллуқ дорад ва аз ҷониби ширкати Evergreen Marine Corporation -и Тайван идора мешуд, дар километри 151-уми канали Суэтс дар роҳ аз Чин ба Аврупо дармонд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо, ҳоло дар киштиҳои дармонда тақрибан 10 миллион бушка нафт ва маҳсулоти нафтӣ мавҷуданд, ки тақрибан 2,6 миллион бушка нафти Русия мебошад. Тахмин зада мешавад, ки арзиши умумии нафт аз Русия метавонад 160 миллион долларро ташкил диҳад.
Дар вақти муқаррарӣ, канали Суэтсро ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз зиёда аз 50 киштӣ убур мекарданд. Соли гузашта ин масирро тақрибан 19 ҳазор киштӣ истифода кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0