Аз истеҳсоли “Камаз”-у “KIA” дар Тоҷикистон то фаровонии нон: сафарҳои Шералӣ Кабир - акс

© Facebook ТАЛКОШерали Кабиров, новый министр промышленности
Шерали Кабиров, новый министр промышленности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Обуна шудан
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар доираи сафари корияш ба Қазоқистон масоили гуногун аз афзоиши воридоти гандум то васли мошинҳои“KIA” ва “Камаз”-ро дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шералӣ Кабир дар доираи сафараш ба Қазоқистон ҳамроҳи ҳамтои қазоқаш Бейбут Атамкулов аз минтақаҳои саноатӣ, ширкатҳои маъруф ва шаҳрҳои ин кишвар боздид намудааст.
Автомобильный завод ОАО КАМАЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Содда ва боэътимод: мошинҳои боркаши Русия ҷаҳонро тасхир карданд
Шералӣ Кабир зимни мулоқот бо ҳокимони вилоятҳои Костанай ва Қарағанда масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷонибаро ба миён гузоштааст.
“Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, чорводорӣ, инчунин афзоиши содироти ашёи хом барои талаботи ҶСК “Талко” ва гандум ба Тоҷикистон ҳавасмандӣ изҳор намуданд”, - хабар дод сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон.
Ҳайати тоҷикистонӣ инчунин бо роҳбарияти ширкатҳои “Татнефт”, президенти дафтари минтақавии ширкати “KIA Motors Rus & CIS” Ҷин Ҳа Ким, Директори генералии ширкати “КАМАЗ” ва директори ҶС “Корхонаи тракторбарории Петербург” Сергей Серебряков мулоқот кардаанд.
“Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои васли автомашинаҳои навъи “KIA”, мошинҳои дизелии навъи “Камаз”, истеҳсоли шинаҳои автомобилӣ дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин лизинги тракторҳои истеҳсоли ҶС “Корхонаи тракторбарории Петербург” муҳокима гардиданд”, - таъкид кард манбаъ.
Инчунин вазирони саноати ду кишвар аз минтақаи саноатии “Алмаато”, минтақаи озоди иқтисодии “ПИТ”, корхонаҳои “Hyundai Trans Kazakhstan”,  “КСМ Техновид”,  “КМК Investment”, “Элтекс Алатау”,  “ATI Group” дидан намуда, бунёди корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Феълан дар мавриди тавофуқоти мушаххаси ҳосилшуда зимни ин гуфтушунидҳо иттилое дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0