https://sputnik.tj/20210328/Magu-pir-gashtam-navori-suhbati-Ramon-nabera-nazdikon-video-1033089245.html
“Магӯ пир гаштам”: навори суҳбати Раҳмон бо набераҳо ва наздиконаш – видео
“Магӯ пир гаштам”: навори суҳбати Раҳмон бо набераҳо ва наздиконаш – видео
Sputnik Тоҷикистон
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навори боздиди Эмомалӣ Раҳмон, аз хонаи хоҳарбузургаш дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва суҳбаташ бо набераҳою наздиконашро нашр... 28.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-28T14:12+0500
2021-03-28T14:12+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
хоҳар
хешутаборӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033074393_0:0:1848:1044_1920x0_80_0_0_7b8a06c87e8c02951f07bc56ce678399.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бар асоси навори нашргардида, Раҳмонро дар саҳни ҳавлӣ набераҳояш бо шеъру гулдаста пешвоз гирифта, аз хизмату заҳматҳояш барои ободию Ваҳдат тавсиф кардаанд.“Магӯ зинҳор рӯзе пир гаштам, ҳамеша пешвои тоҷикон бош”, - қироат кард яке аз набераҳо ва раисиҷумҳур аз чеҳра ва хандиданаш муайян намуд, ки ӯ духтари Маҳмадулло мебошад.Инчунин раисиҷумҳур боз аз чашмони кабуди падар ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ танҳо як хоҳараш мисли падар чашмони кабуд дорад.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафараш дар ВМКБ аз чашмкабудии қисме аз мардуми вилоят гуфта, таъкид намуд, ки худи падараш низ чашмони кабуд дошту дар авлодашон танҳо як духтар мисли падараш чашмони кабуд дорад.Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки ин нишонаи қадима будани миллати тоҷик, ориётабор будани миллати тоҷик аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033074393_0:0:1848:1162_1920x0_80_0_0_c59c14470f82d6a2ebcf411246e9ca6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хоҳар, хешутаборӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хоҳар, хешутаборӣ
“Магӯ пир гаштам”: навори суҳбати Раҳмон бо набераҳо ва наздиконаш – видео
14:12 28.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навори боздиди Эмомалӣ Раҳмон, аз хонаи хоҳарбузургаш дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва суҳбаташ бо набераҳою наздиконашро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бар асоси навори нашргардида, Раҳмонро дар саҳни ҳавлӣ набераҳояш бо шеъру гулдаста пешвоз гирифта, аз хизмату заҳматҳояш барои ободию Ваҳдат тавсиф кардаанд.
“Магӯ зинҳор рӯзе пир гаштам, ҳамеша пешвои тоҷикон бош”, - қироат кард яке аз набераҳо ва раисиҷумҳур аз чеҳра ва хандиданаш муайян намуд, ки ӯ духтари Маҳмадулло мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон баъди гирифтани гулдаста аз дасти наберааш дар мавриди донишҷӯияш пурсид ва посух шунид, ки дар курси аввали Донишгоҳи тиҷорат мехонад. “Бизнесмен мешавӣ?”, - суол кард раисиҷумҳур. Аммо набера гуфт, ки ихтисосаш дипломатия мебошад.
Инчунин раисиҷумҳур боз аз чашмони кабуди падар ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ танҳо як хоҳараш мисли падар чашмони кабуд дорад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафараш дар ВМКБ аз чашмкабудии қисме аз мардуми вилоят гуфта, таъкид намуд, ки худи падараш низ чашмони кабуд дошту дар авлодашон танҳо як духтар мисли падараш чашмони кабуд дорад.
“Як қисми мардуми Бадахшон чашмони кабуд доранд. Падари ман ҳам чашмонаш нил барин кабуд буд. Хоҳарам, як духтараш танҳо мисли падарам таваллуд шуд. Дигар не, нагузаштааст”, - изҳор дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки ин нишонаи қадима будани миллати тоҷик, ориётабор будани миллати тоҷик аст.