https://sputnik.tj/20210327/bozdosht-folbin-navor-1033086655.html
Бо маҳсулоти хӯрокворӣ сеҳру ҷоду мекард: боздошти фолбин дар Восеъ - навор
Бо маҳсулоти хӯрокворӣ сеҳру ҷоду мекард: боздошти фолбин дар Восеъ - навор
Sputnik Тоҷикистон
Фолбине, ки дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардид, асосан бо маводи хӯрокворӣ сеҳру ҷоду мекардаст 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T17:30+0500
2021-03-27T17:30+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/21/1027602138_0:154:3093:1894_1920x0_80_0_0_8e719d9cfe47bded2b3baa5452126592.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷодугар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, номбурда Гулмирзоева Одиниссои 63 - сола сокини деҳаи Селбури ноҳияи Восеъ аст.Ӯ давоми чанд сол дар манзили истиқоматии худ мизоҷонро қабул карда, бо сеҳру ҷодуи худ гӯё ба мушкили онҳо расидагӣ мекард.Манбаъ меафзояд, ҳангоми азназаргузаронии манзили Одиниссо як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ дар мизи кории ӯ дарёфт шуд. Маълум гардид, ки ин мизоҷон мазҳ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ба мизоҷони худ роҳкушоиву бахткушоӣ мекард.Феълан нисбати сокини 63 - солаи ноҳияи Восеъ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст.Дар ҳамин ҳол, ВУД аз боздошти як ҷодугари дигар хабар медиҳад, ки сокини ноҳияи Тоҷикобод мебошад.Ғуломов Давлатхӯҷа - ҷодугаре, ки аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст, бар ивази сеҳру ҷоду аз мизоҷони худ пул, чорвои майда ва инчунин ашёҳои қиматнок талаб намудааст.Ғуломов дар ҳоле, ба мизоҷони худ хизмат мерасонд, ки ягон таълимоти диннӣ надорад ва навиштаҳои худро, ки аз китобҳо рӯбардор мекард, сарфаҳм намеравад.Айни замон нисбати ин ҷодугар низ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.
https://sputnik.tj/20210204/bozdoasht-sehr-jodu-guriston-1032762934.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/21/1027602138_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_31123909e7fe0f6f33834ff923cc4ea8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Бо маҳсулоти хӯрокворӣ сеҳру ҷоду мекард: боздошти фолбин дар Восеъ - навор
17:30 27.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Фолбине, ки дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардид, асосан бо маводи хӯрокворӣ сеҳру ҷоду мекардаст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷодугар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, номбурда Гулмирзоева Одиниссои 63 - сола сокини деҳаи Селбури ноҳияи Восеъ аст.
Ӯ давоми чанд сол дар манзили истиқоматии худ мизоҷонро қабул карда, бо сеҳру ҷодуи худ гӯё ба мушкили онҳо расидагӣ мекард.
Манбаъ меафзояд, ҳангоми азназаргузаронии манзили Одиниссо як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ дар мизи кории ӯ дарёфт шуд. Маълум гардид, ки ин мизоҷон мазҳ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ба мизоҷони худ роҳкушоиву бахткушоӣ мекард.
Феълан нисбати сокини 63 - солаи ноҳияи Восеъ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, ВУД аз боздошти як ҷодугари дигар хабар медиҳад, ки сокини ноҳияи Тоҷикобод мебошад.
Ғуломов Давлатхӯҷа - ҷодугаре, ки аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст, бар ивази сеҳру ҷоду аз мизоҷони худ пул, чорвои майда ва инчунин ашёҳои қиматнок талаб намудааст.
Ғуломов дар ҳоле, ба мизоҷони худ хизмат мерасонд, ки ягон таълимоти диннӣ надорад ва навиштаҳои худро, ки аз китобҳо рӯбардор мекард, сарфаҳм намеравад.
Айни замон нисбати ин ҷодугар низ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.