https://sputnik.tj/20210327/Rahmon-Kulob-intikod-navor-1033086247.html
Раҳмон аз мақомдорони Хатлон интиқод кард: "бо соҳибкорону мардум ҳамкорӣ кунед" - навор
Раҳмон аз мақомдорони Хатлон интиқод кард: "бо соҳибкорону мардум ҳамкорӣ кунед" - навор
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон давоми чанд рӯз бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T16:00+0500
2021-03-27T16:00+0500
2021-03-27T16:51+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103095/30/1030953080_0:97:3078:1837_1920x0_80_0_0_72d85b48b49ee57adadd5d555c95109c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд рӯз дар вилояти Хатлон бо сафари корӣ қарор дорад.Зимни сафари худ, кишвардори Тоҷикистон якчанд иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфросохторие, ки аз ҷониби соҳибкорону саховатпешагон сохта ба итмом расонда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Кишвардори Тоҷикистон барои сохтмони ҳамаи иншоотҳо ба мардум ва хосатан ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуда, онро ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.Роҳбари давлат зимни суханронии худ бо сокинони ин вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят, корҳои сохтмонӣ ва ободкунии диёр дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.Аз ин рӯ, роҳбари давлат аз раиси вилоят то раисони шаҳру ноҳияҳо даъват намуд, ки бо мардум ва хусусан бо соҳибкорону мардумони саховатманд ҳамкориро тақвият намуда, ҷараёни ободкунӣ ва корҳои сохтмониро ба роҳ монанд.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум бояд аз обод кардани ҳавливу боғу роғи худ шурӯъ кунад.Ӯ гуфт, вазифаи давлат таъмир кардани манзили ҳар сокини шаҳру ноҳиянабуда, мардум бояд худ манзилу ҳавлияшонро таъмир намуда боғу роғи худро обод кунанд.
https://sputnik.tj/20210326/Rahmon-yovon-pul-moshinguzar-iftitoh-1033081819.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103095/30/1030953080_0:0:3078:1934_1920x0_80_0_0_7812350d0c930a4eac99efa130770127.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ
Раҳмон аз мақомдорони Хатлон интиқод кард: "бо соҳибкорону мардум ҳамкорӣ кунед" - навор
16:00 27.03.2021 (Навсозишуда: 16:51 27.03.2021) Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон давоми чанд рӯз бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд рӯз дар вилояти Хатлон бо сафари корӣ қарор дорад.
Зимни сафари худ, кишвардори Тоҷикистон якчанд иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфросохторие, ки аз ҷониби соҳибкорону саховатпешагон сохта ба итмом расонда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Кишвардори Тоҷикистон барои сохтмони ҳамаи иншоотҳо ба мардум ва хосатан ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуда, онро ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Роҳбари давлат зимни суханронии худ бо сокинони ин вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят, корҳои сохтмонӣ ва ободкунии диёр дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.
Аз ин рӯ, роҳбари давлат аз раиси вилоят то раисони шаҳру ноҳияҳо даъват намуд, ки бо мардум ва хусусан бо соҳибкорону мардумони саховатманд ҳамкориро тақвият намуда, ҷараёни ободкунӣ ва корҳои сохтмониро ба роҳ монанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум бояд аз обод кардани ҳавливу боғу роғи худ шурӯъ кунад.
"Ободии Ватан аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад", - таъкид намуд, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, вазифаи давлат таъмир кардани манзили ҳар сокини шаҳру ноҳиянабуда, мардум бояд худ манзилу ҳавлияшонро таъмир намуда боғу роғи худро обод кунанд.