https://sputnik.tj/20210327/Manizha-Tojikiston-russia-1033083895.html
Манижа гуфт, ки дастгирии Тоҷикистонро ҳис мекунад
Манижа гуфт, ки дастгирии Тоҷикистонро ҳис мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Манижа мегӯяд ба бад намешавад бо бад посух гуфт. Ӯ таъкид мекунад дастгириро аз ҳама ҷониб, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳис мекунад 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T09:00+0500
2021-03-27T09:00+0500
2021-03-26T22:07+0500
дар русия
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033083115_0:0:2550:1435_1920x0_80_0_0_918e6f9e5afa6cf166d4820b6f68fd30.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Манижа Сангин гуфт, ки пас аз пирӯзӣ дар интихобии Евровидение на танҳо ба мавҷи интиқод ва нафрат рӯ ба рӯ шуд, балки шумораи зиёди одамон бо эҷодиёти ӯ ошно шуданд ва овозхонро дастгирӣ мекунанд.Афзун бар ин, Манижа гуфт, ки оё дар ватанаш аз ӯ ифтихор доранд. Вай бо эътимод мегӯяд, ки дастгирии Тоҷикистонро ҳис мекунад."Албатта, аксарияти онҳо (онҳо ифтихор мекунанд). Дастгирӣ зиёд аст. Ва қисми зиёди онҳо аз ҷониби одамонест, ки аз онҳо чашм надошта будам" - гуфт вай мусоҳиба бо Би-Би-Си."Наметавон ба нафрат бо нафрат ҷавоб диҳед. Ман инро аниқ фаҳмидам", - афзуд овозхон.Ҳамчунин Манижа мафҳуми таронаи "Зани рус"-ро тавзеҳ додааст."Муҳимтарин сифат ин қобилияти дӯст доштан мебошад. То дараҷае қавӣ, то дараҷае содиқона, ки барои ҳаёти худу фарзандаш мубориза мебарад. Бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва онро паси сар мегардонад. Онҳо хело занони қавӣ мебошанд", - гуфт Манижа.Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши суруди Манижа Сангин (Манижа) "Зани рус" рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал баргузор шуд. Ва айнан худи рӯзи дигар он мавзӯи баҳсҳо ва ихтилофҳо шуд.Пас аз чанд рӯз, намоҳанги он дар канали Eurovision дар YouTube гузошта шуд ва босуръат дар байни бинандагон маъруфият пайдо кард.Видео аллакай беш аз 5 миллион маротиба тамошо шудааст. Аксарияти тамошобинони хориҷии озмун ба баромади далерона ва ҷасуронаи Манижа баҳои баланд доданд.
https://sputnik.tj/20210326/manigha-tarona-tojiki-russia-1033083239.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033083115_196:0:2116:1440_1920x0_80_0_0_bc94bca751f7fb09a71ae2b22b4b1912.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, ҳамаи хабарҳо
Манижа гуфт, ки дастгирии Тоҷикистонро ҳис мекунад
Манижа мегӯяд ба бад намешавад бо бад посух гуфт. Ӯ таъкид мекунад дастгириро аз ҳама ҷониб, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳис мекунад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Манижа Сангин гуфт, ки пас аз пирӯзӣ дар интихобии Евровидение на танҳо ба мавҷи интиқод ва нафрат рӯ ба рӯ шуд, балки шумораи зиёди одамон бо эҷодиёти ӯ ошно шуданд ва овозхонро дастгирӣ мекунанд.
Афзун бар ин, Манижа гуфт, ки оё дар ватанаш аз ӯ ифтихор доранд. Вай бо эътимод мегӯяд, ки дастгирии Тоҷикистонро ҳис мекунад.
"Албатта, аксарияти онҳо (онҳо ифтихор мекунанд). Дастгирӣ зиёд аст. Ва қисми зиёди онҳо аз ҷониби одамонест, ки аз онҳо чашм надошта будам" - гуфт вай мусоҳиба бо Би-Би-Си.
"Наметавон ба нафрат бо нафрат ҷавоб диҳед. Ман инро аниқ фаҳмидам", - афзуд овозхон.
Ҳамчунин Манижа мафҳуми таронаи "Зани рус"-ро тавзеҳ додааст.
"Муҳимтарин сифат ин қобилияти дӯст доштан мебошад. То дараҷае қавӣ, то дараҷае содиқона, ки барои ҳаёти худу фарзандаш мубориза мебарад. Бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва онро паси сар мегардонад. Онҳо хело занони қавӣ мебошанд", - гуфт Манижа.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши суруди Манижа Сангин (Манижа) "Зани рус" рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал баргузор шуд. Ва айнан худи рӯзи дигар он мавзӯи баҳсҳо ва ихтилофҳо шуд.
Пас аз чанд рӯз, намоҳанги он дар канали Eurovision дар YouTube гузошта шуд ва босуръат дар байни бинандагон маъруфият пайдо кард.
Видео аллакай беш аз 5 миллион маротиба тамошо шудааст. Аксарияти тамошобинони хориҷии озмун ба баромади далерона ва ҷасуронаи Манижа баҳои баланд доданд.