Коронавируси бритонию африқоӣ давоми як рӯз дар Қазоқистон 22 нафарро кушт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЛечение больных с COVID-19 в ЦКБ "РЖД-Медицина"
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Дар Қазоқистон боз сенарияи тобистони соли гузашта дар робита ба паҳншавии коронавирус такрор мешавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 22 нафар қурбони навъи нави коронавирус гардиданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар Қазоқистон сенарияи соли гузашта дар мавриди даҳшати коронавирус боз такрор мешавад, зеро ҳамарӯза теъдоди сироят ва фавт рӯ ба афзоиш аст. Як рӯз қабл 14 мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд, шабонарӯзи гузашта бошад ин рақам то 22 нафар афзуд.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҷабборов ваксин намегирад: ӯ алайҳи коронавирус антител дорад
Ҳамчунин имрӯз маълум шуд, ки дар Алмаато навъҳои нави коронавирус, аниқтараш бритонӣ ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст.
Дар давоми рӯз, дар ҷумҳурии ҳамсоя 1485 ҳолати COVID кашф карда шуд. Зиёда аз нисфи сироятшудагон дар Нур-Султон ва Алмаато сабт гардидааст.
Қаблан роҳбари департаменти тандурустии Нур-Султон Тимур Муратов гуфта буд, ки вазъи коронавирус дар пойтахти Қазоқистон ба тобистони соли 2020 монанд аст.
"Аз рӯзи 14 март афзоиши бемориҳо ба 24 дарсад мушоҳида мешавад. Агар дар моҳи феврал шумораи ҳаррӯзаи гирифторон ба ҳисоби миёна 100 нафар бошад, пас рӯзи 25 март ба ҳисоби миёна дар як рӯз 230 ҳолати беморшавӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар муқоиса бо беморӣ дар авҷи пандемия, мо мебинем, ки вазъи кунунӣ ба ҳолати тобистони соли гузашта монанд аст", -  таъкид намудааст Муратов.
Пизишкони Қазоқистон аз мавҷи нави коронавирус дар Наврӯз ҳушдор медиҳанд
Дар ҳамин ҳол, бемористонҳои ин кишвар ҳудуди 65 дарсад аз маризон пур шудаанд.
Дар Тоҷикистон наздики се моҳ мешавад, ки ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи эмгузаронӣ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0