https://sputnik.tj/20210327/Firebi-piramardi-70-sola-dar-Vadat-686-azor-somoniashro-rabudand-1033085937.html
Фиреби пирамарди 70-сола дар Ваҳдат: 686 ҳазор сомониашро гирифтанд
Фиреби пирамарди 70-сола дар Ваҳдат: 686 ҳазор сомониашро гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Як ҷавони 24-сола марди пиронсолро фиреб карда, дар давоми як сол аз ӯ ҳудуди 60 ҳазор долларрашро гирифтааст 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T14:13+0500
2021-03-27T14:13+0500
2021-07-07T18:38+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/02/1031420263_0:121:1920:1201_1920x0_80_0_0_a7510e7372a17c058b2f52b23168742b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат як пирамарди 70-соларо фиреб карданд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза пирамарди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.Ба гуфтаи мард, аз моҳи апрели соли 2020 то 24-уми марти соли 2021, ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ў маблағи 686 ҳазору 850 сомонӣ (ҳудуди 60 ҳазор доллар) гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.Ҳамчунин бино бар иттилои манбаъ, дар ноҳияи Шаҳринав як марди 36-сола бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.Гуфта мешавад, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.Ба гуфтаи мард, моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз замини хоҷагии деҳқонии бо номи "Анас", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, таҷҳизоти баланд кардани шиддати барқ (стабилизатор), таҷҳизоти бо сӯзишворӣ қувваи барқдиҳанда (движок), 30-метр шланги резинӣ ва 3-адад оҳани дарозшакли 6-метраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Зарари расонидашуда 3 ҳазору 150-сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210309/Sadamai-Muqimjon-moshin-80-solar-pakhsh-1032967764.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/02/1031420263_207:0:1920:1285_1920x0_80_0_0_920f319b697f5085d18d8710cb7c08cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Фиреби пирамарди 70-сола дар Ваҳдат: 686 ҳазор сомониашро гирифтанд
14:13 27.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Як ҷавони 24-сола марди пиронсолро фиреб карда, дар давоми як сол аз ӯ ҳудуди 60 ҳазор долларрашро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат як пирамарди 70-соларо фиреб карданд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза пирамарди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи мард, аз моҳи апрели соли 2020 то 24-уми марти соли 2021, ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ў маблағи 686 ҳазору 850 сомонӣ (ҳудуди 60 ҳазор доллар) гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин бино бар иттилои манбаъ, дар ноҳияи Шаҳринав як марди 36-сола бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи мард, моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз замини хоҷагии деҳқонии бо номи "Анас", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, таҷҳизоти баланд кардани шиддати барқ (стабилизатор), таҷҳизоти бо сӯзишворӣ қувваи барқдиҳанда (движок), 30-метр шланги резинӣ ва 3-адад оҳани дарозшакли 6-метраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 150-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.