Ӯзбекистон пас аз хабари авҷи полиомиелит дар Тоҷикистон ба эмкунии кӯдакон сар кард

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкВакцинация детей от полиомиелита
Вакцинация детей от полиомиелита  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Ӯзбекистон мегӯяд, барои ҳифзи кӯдакони худ аз фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ба эмгузаронии сартосарӣ пардохтанд
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Дар вилояти Сурхандарё, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, тамоми атфоли то 5 - сола алайҳи бемории фалаҷ эм карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти санитарию эпидемиологии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, тасмими эм кардани кӯдакон пас аз он рӯи даст гирифта шуд, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз авҷи фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон хабар дод.
"Барои пешгирии паҳншавии полиовируси ваҳшии навъи дуюм дар минтақа, эмгузаронии оммавии кӯдакони то панҷсола гузаронида шуд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, пас аз хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон, мутахассисони хадамот вазъи эпидемиологии фалаҷи шадидро дар вилояти Сурхондарё, ки бо Тоҷикистон ва Афғонистон ҳаммарз аст, омӯхтанд.
Хадамоти санитарӣ - эпидемиологии Ӯзбекистон мегӯяд, феълан бурузи ин маризӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале хавфи аз хориҷ ворид шудани он вуҷуд дорад.
Созмони ҷаҳонӣ дар изтиробу Вазорат хомӯш: аз хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистон чӣ маълум аст?
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расман эълон кард, ки чор ҳолати бемории фалаҷи кӯдакон, аз ҷумла ду ҳолат дар Хатлону ду ҳолати дигар дар шаҳри Ҳисор ошкор шудаанд. Аммо мақомоти тандурустии Тоҷикистон ҳанӯх вокунише накардаанд.
Мунира Каримова, мудири Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, ки маризон аз минтақаҳои гуногунро табобат мекунад, изҳор дошт, ки феълан ягон ҳолати бемории фалаҷро ба қайд нагирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0