Ҷавони 24 -сола бо табар сари ҳамқадаҳашро аз тан ҷудо кард

© PixabayТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Ҳодисаи даҳшатбор дар шаҳри Конибодом рух дод. Гуфта мешавад ҳар дуи онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи даҳшатбори одамкушӣ дар шаҳри Конибодом хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҷинояти даҳшатбор шаби 24 март, тақрибан соати 23:30 дақиқа рух додааст.
Ба гумони содир намудани ин ҷиноят ҷавони 24 - сола, сокини шаҳри мазкур боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар хонаи истиқоматии худ бо марди 36 -сола, сокини шаҳри Исфара май нӯшида, пас аз сархуш шудан миёни онҳо муноқиша сар зад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Ҷавоне ронандаи таксиро дар Душанбе бераҳмона бо беш аз 42 зарби корд кушт
Дар натиҷа, сокини шаҳри Конибодом меҳмони худро бо истифода аз табар 8 - маротиба ба сараш зарба зада, сари ӯро аз тан ҷудо кард.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати боздоштшуда, тибқи моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қаблан кормандони пулис аз боздошт шудани сокини 27 - солаи шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки бо табар хола ва язнаи худро маҷрӯҳ кард.
Пайвандони ӯ пас аз гирифтани ҷароҳати вазнин бистарии беморхона гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0