Ҳабси Ҳусейни Сомон, ки бо "Мерседес" дар Маскав 2 занро зер кард - видеои садамаи маргбор

© ОПСОЮГ МосквыХусейн Сомон
Хусейн Сомон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Головини шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистон, Ҳусейни Сомонро, ки сари чанбари “Мерседес” ду занро зер кард, то 23 майи соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи Маскав, Ҳусейни Сомон барои нақзи қоидаҳои роҳ бо дархости мақомоти тафтишотӣ то 23 май ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Дар навори нашркардаи ВУД, Ҳусейни Сомони 25-сола гуноҳашро дар садамаи шоми 23 март, ки боиси марги ду зани роҳгузар шудааст, пурра иқрор мекунад.
Ба суол, ки чаро аз ҷои ҳодиса фирор кард, посух дод, ки дар ҳолати шок қарор дошт. Ӯ афзуд, ки худаш низ ният дошт, ки ба пулис таслим шавад.
Ронанда, ки як рӯз баъд аз садама боздошт гардид, иддао дар бораи сархӯшию ҳаракат бо суръати баландро рад карда, изҳор дошт, ки бо суръати 60 – 70 километр дар як соат ҳаракат намуда, арақ нанӯшидаст.
Ӯ таъкид намуд, ки сабаби рух додани ҳодиса кор накардани тормоз будааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан муттаҳам дар боздошт буда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0