https://sputnik.tj/20210326/Izhoroti-VKD-Izzat-Amon-davatash-sokin-1033083249.html
ВКД дар бораи ҷустуҷӯи Иззат Амон, пулгирияш аз Шарипов ва муроҷиат ба мардум
ВКД дар бораи ҷустуҷӯи Иззат Амон, пулгирияш аз Шарипов ва муроҷиат ба мардум
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз оғози парванда барои қаллобӣ алайҳи Иззат Амон хабар дода, аз шаҳрвандон даъват намудааст, агар... 26.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-26T20:02+0500
2021-03-26T20:02+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
изҳорот
матн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033094858_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_2774b30125d2538e33176e8db82b58a0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Дар изҳороти ВУД, омадааст, ки нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович, соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Ин ниҳод гуфтааст, Холов Изатулло Амонович бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Русия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда, мегирад."Холов дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст. Холов маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.Маскав бархе тафсилоти парванда алайҳи Иззат Амон ва ҷазояшро гуфтИн ниҳод бо такя ба нишондоди Шарипов Бобоҷон илова намудааст, ки Холов Иззат ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулиро гирифта, аз худ намудааст. Аммо ҳолатҳои мушаххас зикр нашудаанд.Дар идома ВУД Тоҷикистон аз нафароне, ки дучори фиребу қаллобии Холов гардидаанд, хоҳиш намудааст, ки дар ин хусус ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд."Ҳангоми мусодираи молу амволи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаи Холов И.А. зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда ба инобат гирифта мешавад. Телефони "Боварӣ"-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21", - таъкид кардааст ВУД.ВУД Тоҷикистон афзудааст, ки барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.Ин изҳорот дар ҳолест, ки Иззат Амон тайи чанд рӯзи охир бедарак буда, ба иттилои наздиконаш ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Назари бевоситаи ӯ низ дар мавриди ин иттиҳомоти эълонкардаи мақомоти Тоҷикистон маълум нест.Иззат Амон аз фаъолони тоҷики Русия буд, ки созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро роҳбарӣ мекард ва аз фаъолияти мақомоти тоҷик гоҳо интиқод менамуд. Ӯ, ки шаҳрвандии Русияро дошт, аз он маҳрум шудаасту ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ ахиран бо қарори додгоҳ барои фаъолияти меҳнатии бидуни иҷоза ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.Додгоҳи Маскав тафсилоти муҷозоти Иззат Амонро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210219/yatimov-avrupo-mansabdor-hnit-1032858904.html
https://sputnik.tj/20210206/Rusiya-qasdan-oluda-SPID-istirdod-1032774852.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033094858_88:0:977:667_1920x0_80_0_0_e6010b0c139ec98d2ec368267c1b68ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, изҳорот, матн
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, изҳорот, матн
ВКД дар бораи ҷустуҷӯи Иззат Амон, пулгирияш аз Шарипов ва муроҷиат ба мардум
20:02 26.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз оғози парванда барои қаллобӣ алайҳи Иззат Амон хабар дода, аз шаҳрвандон даъват намудааст, агар алайҳаш шикояте доранд, ба мақомот муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Дар изҳороти ВУД, омадааст, ки нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович, соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, Холов Изатулло Амонович бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Русия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда, мегирад.
"Холов дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст. Холов маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ин ниҳод бо такя ба нишондоди Шарипов Бобоҷон илова намудааст, ки Холов Иззат ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулиро гирифта, аз худ намудааст. Аммо ҳолатҳои мушаххас зикр нашудаанд.
Дар идома ВУД Тоҷикистон аз нафароне, ки дучори фиребу қаллобии Холов гардидаанд, хоҳиш намудааст, ки дар ин хусус ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
"Ҳангоми мусодираи молу амволи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаи Холов И.А. зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда ба инобат гирифта мешавад. Телефони "Боварӣ"-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21", - таъкид кардааст ВУД.
ВУД Тоҷикистон афзудааст, ки барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Иззат Амон тайи чанд рӯзи охир бедарак буда, ба иттилои наздиконаш ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Назари бевоситаи ӯ низ дар мавриди ин иттиҳомоти эълонкардаи мақомоти Тоҷикистон маълум нест.
Иззат Амон аз фаъолони тоҷики Русия буд, ки созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро роҳбарӣ мекард ва аз фаъолияти мақомоти тоҷик гоҳо интиқод менамуд. Ӯ, ки шаҳрвандии Русияро дошт, аз он маҳрум шудаасту ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ ахиран бо қарори додгоҳ барои фаъолияти меҳнатии бидуни иҷоза ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Додгоҳи Маскав тафсилоти муҷозоти Иззат Амонро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.