https://sputnik.tj/20210326/Idomai-safari-kor-Rahmon-Bokhtaru-noiyai-Kushoniyon-raft-1033075758.html
Идомаи сафари корӣ: Раҳмон ба шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён рафт
Идомаи сафари корӣ: Раҳмон ба шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба шаҳри Бохтар сафар кард 26.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-26T11:00+0500
2021-03-26T11:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
президент
бохтар
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033068918_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_af870eadd895c4c16c3bb63fb68469a7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Гуфта шудааст, ки боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст.“Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд”, -таъкид доштааст манбаъ.Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, асосан аз Аврупо махсусан аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд.Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ, ба хоҷагидорон барои зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас дод.Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар барои кишту парварши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай аз ҷумла, фестивал ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст.Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкор Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.Ба гуфтаи манбаъ маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро дар маркази мазкур бо сифати баланди хизматрасонӣ ва саривақт муолиҷа намоянд.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуданд.Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкор Фақерзода Анвар дар мудати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.Таъкид шудааст, ки дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд.Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуд.Нахуст раисҷумҳур дар Кооперативи мазкур аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан кард.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудани аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дидан кард.Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти хоҷагидоронро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.
https://sputnik.tj/20210325/prezident-khonavoda-khabargiri-1033074513.html
https://sputnik.tj/20210325/Emomali-Rahmon-narkho-dar-bozor-past-1033070536.html
https://sputnik.tj/20210325/Safari-Emomali-Rahmon-Jaloliddini-Balkhi-chahor-inshootro-iftitoh--1033068409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033068918_265:0:2990:2044_1920x0_80_0_0_7a1cec0b572aaf2ea76acdef80b4d223.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, раисҷумҳур, президент, бохтар, хатлон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, раисҷумҳур, президент, бохтар, хатлон
Идомаи сафари корӣ: Раҳмон ба шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён рафт
11:00 26.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба шаҳри Бохтар сафар кард
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта шудааст, ки боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст.
“Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд”, -таъкид доштааст манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, асосан аз Аврупо махсусан аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ, ба хоҷагидорон барои зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар барои кишту парварши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай аз ҷумла, фестивал ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст.
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкор Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро дар маркази мазкур бо сифати баланди хизматрасонӣ ва саривақт муолиҷа намоянд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкор Фақерзода Анвар дар мудати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Таъкид шудааст, ки дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби корӣ доимӣ шуданд.
Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуд.
Нахуст раисҷумҳур дар Кооперативи мазкур аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудани аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дидан кард.
Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти хоҷагидоронро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.