https://sputnik.tj/20210326/Guzorishi-solonai-China-naqzi-huquqi-bashar-Amriko-1033075108.html
Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шуд
Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Идораи иттилооти Шӯрои давлатии Чин гузориши солонаи худро дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико дар соли 2020 мелодӣ мунташир кард 26.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-26T09:00+0500
2021-03-26T09:00+0500
2021-04-22T12:50+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
ҳуқуқи башар
гузориш
амрико
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/82/1026838215_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_d03eb6b5ac8647cb5f455b6dadb4c4f8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Шӯрои давлатии Чин, дар ин гузориши 28 сафҳаӣ гуфта шудааст, ки дар соли 2020 ноуҳдабароии Вашингтон дар маҳори ҳамагирии корона натоиҷи таассуфбореро дар пай дошт."Беназмӣ дар демократияи Амрико ошӯбҳои сиёсиро мӯҷиб шуд, ҳамчунин ақаллиятҳои қавмӣ табъизи нажодиро таҷриба карданд ва нооромиҳои идомадори иҷтимоӣ амнияти умумиро дар Амрико таҳдид кард"- менависад "Парс тудей" дар истинод ба манбаъ.Ин гузориш дар идома тавваҷуҳро ба шикофи физояндаи ғаниву фақир дар Амрико ҷалб карда ва афзудааст, ки иқдоми Амрико дар нодида гирифтани қавонини байналмилалӣ фоҷеаҳои инсониро боис шудааст.Ҳадаф аз интишори ин гузориш таъкид бар меъёрҳои дугонаи Вашингтон дар баҳси ҳуқуқи башар эълом шудааст.“Мо бо интишори ин гузориш мехоҳем шароити воқеии ҳуқуқи башар дар Амрикоро нишон диҳем ва равшан кунем, ки Вашингтон вақте аз ҳуқуқи башар дар кишварҳои дигар ҳарф мезанад, ниятҳои сиёсии худро дунбол мекунад”, - гуфт Чанг Чян, мудири маркази таҳқиқоти ҳуқуқи башари донишгоҳи Нонкой.Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавадИн гузориш, ки ба мавориди мухталифи хушунати полис ва ҳамалот алайҳи осиёитаборҳои Амрико низ ишора кардааст, пас аз он мунташир мешавад, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш бо ишора ба рафтори Пекин бо ақаллияти уйғур дар Син Кёнг таҳримҳоеро алайҳи Чин эъмол карданд.
https://sputnik.tj/20210203/Zakharova-Garb-tahrimho-jadid-bahona-paydo-mekunad-1032752812.html
амрико
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/82/1026838215_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_fdc59bfbbc86784301bcd24afa7da4b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, ҳуқуқи башар, гузориш, амрико, чин
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, ҳуқуқи башар, гузориш, амрико, чин
Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шуд
09:00 26.03.2021 (Навсозишуда: 12:50 22.04.2021) Идораи иттилооти Шӯрои давлатии Чин гузориши солонаи худро дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико дар соли 2020 мелодӣ мунташир кард
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Шӯрои давлатии Чин, дар ин гузориши 28 сафҳаӣ гуфта шудааст, ки дар соли 2020 ноуҳдабароии Вашингтон дар маҳори ҳамагирии корона натоиҷи таассуфбореро дар пай дошт.
"Беназмӣ дар демократияи Амрико ошӯбҳои сиёсиро мӯҷиб шуд, ҳамчунин ақаллиятҳои қавмӣ табъизи нажодиро таҷриба карданд ва нооромиҳои идомадори иҷтимоӣ амнияти умумиро дар Амрико таҳдид кард"- менависад "Парс тудей" дар истинод ба манбаъ.
Ин гузориш дар идома тавваҷуҳро ба шикофи физояндаи ғаниву фақир дар Амрико ҷалб карда ва афзудааст, ки иқдоми Амрико дар нодида гирифтани қавонини байналмилалӣ фоҷеаҳои инсониро боис шудааст.
Ҳадаф аз интишори ин гузориш таъкид бар меъёрҳои дугонаи Вашингтон дар баҳси ҳуқуқи башар эълом шудааст.
“Мо бо интишори ин гузориш мехоҳем шароити воқеии ҳуқуқи башар дар Амрикоро нишон диҳем ва равшан кунем, ки Вашингтон вақте аз ҳуқуқи башар дар кишварҳои дигар ҳарф мезанад, ниятҳои сиёсии худро дунбол мекунад”, - гуфт Чанг Чян, мудири маркази таҳқиқоти ҳуқуқи башари донишгоҳи Нонкой.
Ин гузориш, ки ба мавориди мухталифи хушунати полис ва ҳамалот алайҳи осиёитаборҳои Амрико низ ишора кардааст, пас аз он мунташир мешавад, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш бо ишора ба рафтори Пекин бо ақаллияти уйғур дар Син Кёнг таҳримҳоеро алайҳи Чин эъмол карданд.