https://sputnik.tj/20210324/Manizha-sirri-piroanash-Evrovidenie-boz-kard-1033062867.html
Манижа сирри пироҳанаш барои Евровидениеро ифшо кард: он аз тамоми Русия гулчин шудааст
Манижа сирри пироҳанаш барои Евровидениеро ифшо кард: он аз тамоми Русия гулчин шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Манижа нақл кард, ки чӣ гуна дар мавҷи танқиди атрофиён, ӯ омодагии худро ба Евровидение - 2021 идома медиҳад ва пироҳанашро ҳамаҷониба андеша мекунад 24.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-24T15:15+0500
2021-03-24T15:15+0500
2021-04-12T14:33+0500
фарҳанг
ҳамаи хабарҳо
манижа сангин
асрор
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033059803_14:0:2561:1440_1920x0_80_0_0_f30aa2b4ab2c9c768908587ec1206b31.jpg
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Овозхон Манижа, ки Русияро дар Евровидение 2021 муаррифӣ мекунад, дар мусоҳиба бо Шабакаи аввал гуфт, ки костюм барои ҳунарнамоии ӯ аллакай омода мешавад.Раванди офаридани образро модари духтар Наҷиба Усмонова комилан ба ӯҳда гирифтааст. Ногуфта намонад, ки модар ҳамеша духтарашро бо либосҳои дастӣ, яъне hand made мепӯшонад.Маълум шуд, пироҳане, Манижа дар саҳнаи Роттердам ба бар мекунад, рамзӣ хоҳад шуд. Пироҳан аз қисмҳои алоҳида дӯхта мешавад, ки ҳар як қисми он гӯшае аз Русияро дар бар мегирад."Зани тоҷикро гӯш кунед": дастгирии "ВКонтакте" аз Манижа СангинМодари Манижа гуфт, ки либос аз даҳҳо пораи матоъ аз тамоми гӯшаву канори кишвар омода карда мешавад.Бо вуҷуди ин, либос тасвири дастаҷамъонаи як зани русро ба мисли худи суруд пурра инъикос хоҳад кард.Ногуфта намонад, ки дар рӯнамоии суруди Рашн Вуман Манижа Сангин пироҳани гулдӯзишудаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имроноваро истифода кардааст.
https://sputnik.tj/20210324/intikod-tund-vakil-rus-manizha-1033059895.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033059803_270:0:2561:1440_1920x0_80_0_0_50b3aee83933c5f21b51c4f74ee6946d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, ҳамаи хабарҳо, манижа сангин, асрор, дар русия
фарҳанг, ҳамаи хабарҳо, манижа сангин, асрор, дар русия
Манижа сирри пироҳанаш барои Евровидениеро ифшо кард: он аз тамоми Русия гулчин шудааст
15:15 24.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Манижа нақл кард, ки чӣ гуна дар мавҷи танқиди атрофиён, ӯ омодагии худро ба Евровидение - 2021 идома медиҳад ва пироҳанашро ҳамаҷониба андеша мекунад
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Овозхон Манижа, ки Русияро дар Евровидение 2021 муаррифӣ мекунад, дар мусоҳиба бо
Шабакаи аввал гуфт, ки костюм барои ҳунарнамоии ӯ аллакай омода мешавад.
Раванди офаридани образро модари духтар Наҷиба Усмонова комилан ба ӯҳда гирифтааст. Ногуфта намонад, ки модар ҳамеша духтарашро бо либосҳои дастӣ, яъне hand made мепӯшонад.
Маълум шуд, пироҳане, Манижа дар саҳнаи Роттердам ба бар мекунад, рамзӣ хоҳад шуд. Пироҳан аз қисмҳои алоҳида дӯхта мешавад, ки ҳар як қисми он гӯшае аз Русияро дар бар мегирад.
Модари Манижа гуфт, ки либос аз даҳҳо пораи матоъ аз тамоми гӯшаву канори кишвар омода карда мешавад.
"Мо ҳоло ин ҳамаи ин пораҳоро пайваст карда истодаем. Аз Қафқоз ба мо аллакай матоъ фиристоданд. Дастрас кардани матоъ аз ҳама мушкил аз Ханти-Мансийск аз мардуми шимол аст. Ҳамааш ба либоси сароянда дӯхта хоҳанд шуд", - гуфт Наҷиба Усмонова.
Бо вуҷуди ин, либос тасвири дастаҷамъонаи як зани русро ба мисли худи суруд пурра инъикос хоҳад кард.
Ногуфта намонад, ки дар рӯнамоии суруди Рашн Вуман Манижа Сангин пироҳани гулдӯзишудаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имроноваро истифода кардааст.