Либос, пул ва китоб – туҳфаи Раҳмон ба ятимон дар Бохтар

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон дарит подарки детям
Эмомали Рахмон дарит подарки детям - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар тарабхонаи “Малика” – и шаҳри Бохтар бо 200 нафар ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрда суҳбат кардааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш вохӯрӣ карда, ба онҳо тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим кард.
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Раҳмон дар Бохтар Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ кард: оилаи Соҳибовҳо сохтанд
Манбаъ тавзеҳ дод, ки туҳфаҳо аз сару либос, шириниҳо, 5 намуд китоби бадеӣ ва кумакҳои пулӣ иборат буд.
Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо соли таҳсили 2020-2021 8146 нафар таҳсил мекунанд.
Аз шумораи умумии мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 4 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 1 мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, буда, дар онҳо дар соли таҳсили 2020-2021 дар маҷмӯъ, 2585 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 564 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 53 нафар ятими кулл, 440 нафар бепадар ва 140 нафар бемодар мебошанд.
Дар вилояти Хатлон 29 ташкилоту муассисаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба шахсони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, таъкид кардааст котибот.
Лентаи хабарҳо
0