Гузориши ВУД аз насби камераҳо дар масҷид, бозор, боғ, донишгоҳ: видеои мудҳиш аз Душанбе

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкҚароргоҳи боғи-тиҷоратии "Румянтсево"
Қароргоҳи боғи-тиҷоратии Румянтсево - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз насби дастгоҳҳои назоратӣ на танҳо дар роҳҳо, балки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла атрофу дохили масоҷид, бозорҳо, донишгоҳу беморхонаҳо ва ғайра гузориш дода, таъкид кардааст, ки ин ҷо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон нест
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри наворҳо аз лаҳзаҳои мудҳиши зери мошинҳои босуръат мондани пиёдагардон, аз ҷумла кӯдакон, “разбор”-ҳои ҷавонон ва дигар қонуншиканиҳо зарурати насби дурбинҳо ба хотири амниятро таъкид кардаст.
Ба иттилои ин ниҳод, дурбинҳои назоратӣ на танҳо дар роҳҳо, балки дар боғу гулгаштҳо, фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан, обанборҳо, донишгоҳу беморхонаҳо, масҷиду бозорҳо ва дарвозаҳои Душанбе насб гардидаанд, ки ҳамчун равзанаи ягона ба маркази “Шаҳри бехатар” пайваст гардидаанд.
ВУД дар шарҳи насби камераҳо атрофу дохили масҷидҳо, бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ изҳор доштааст, эҳтимоли ҳар гуна кирдори ташвишовар дар ин маконҳо ҷой дорад ва ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиду бозорҳоро зикр намудаст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки насби камераҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро нақз накарда, балки барои пешгирии ҷиноятҳою рафтори ношоям амалӣ карда шудааст.
Маркази “Шаҳри бехатар” дар Душанбе моҳи ноябри соли 2013 фаъол шуда, сол ба сол фаъолияти он густариш ёфта истодааст. Мақомот мегӯянд, туфайли дурбинҳои назоратӣ қонунвайронкуниҳо пешгирӣ шуда, чандин ҷиноятҳо ошкор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0