https://sputnik.tj/20210324/Bokhtar-korkhonai-shiferbarorii-mujahaz-bo-Rusiya-1033063244.html
Дар Бохтар корхонаи шифербарории муҷаҳҳаз бо технологияи Русия фаъол шуд
Дар Бохтар корхонаи шифербарории муҷаҳҳаз бо технологияи Русия фаъол шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли шиферро ба истифода дод 24.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-24T15:45+0500
2021-03-24T15:45+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
саноат
фаъолон
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_0:94:1819:1117_1920x0_80_0_0_8a234baa332b4606931458f917115b86.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.Манбаъ афзуд, фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст.Котибот таъкид кард, ки маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.Ба раисиҷумҳур иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона шифер истеҳсол мекунад ва иқтидори соланаи корхона 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер мебошад.Зикр шудааст, ки барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.
https://sputnik.tj/20210324/Rahmon-mehmonii-qosimov-soibkhona-daromad-sof-1033062848.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_102:0:1717:1211_1920x0_80_0_0_f050bda3f1aa2f269b74c8c56771639a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, саноат, фаъолон, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, саноат, фаъолон, дар русия, дар тоҷикистон
Дар Бохтар корхонаи шифербарории муҷаҳҳаз бо технологияи Русия фаъол шуд
15:45 24.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли шиферро ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
Манбаъ афзуд, фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст.
Котибот таъкид кард, ки маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ба раисиҷумҳур иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона шифер истеҳсол мекунад ва иқтидори соланаи корхона 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер мебошад.
Зикр шудааст, ки барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.