Афзоиши теъдоди нафақахӯрон дар Тоҷикистон тайи ду моҳи охир

© Госкомтуризма УзбекистанаЖители поселка Гилан
Жители поселка Гилан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Аз оғози соли 2021 дар Тоҷикистон афзоиши теъдоди нафақахӯрон ва ҳаҷми маблағе, ки барои пардохти нафақа аз буҷа равона мешавад, ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар - Sputnik. Шумораи шаҳрвандони синни нафақа дар Тоҷикистон аз аввали соли равон афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авесто" бо истинод ба маълумоти Ожонси омори ҷумҳурӣ.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2020
Аз 1 январ: афзоиши ҷарима, боҷ ва кумакпулӣ дар Тоҷикистон
Ба иттилои Ожонс, танҳо дар ду моҳи соли 2021 шумораи нафақахӯрон беш аз 5,6 ҳазор нафар афзудааст. Агар моҳи январи соли равон дар кишвар беш аз 728,9 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуда бошанд, пас дар аввали моҳи март ин рақам ба 734,6 ҳазор нафар расид.
Манбаъ таъкид кард, мутаносибан, ҳаҷми пардохтҳои нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо дар ду моҳи аввали соли равон 399,6 миллион сомонӣ (тақрибан 35,3 миллион доллар) -ро ташкил дод.
Дар соли 2020 ҳаҷми пардохтҳои шабеҳи нақдӣ аз 2,6 миллиард сомонӣ (234,5 миллион доллар) гузашта буд.
Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли ҷорӣ 2021 ҳаҷми маблағгузории давлатии суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 4,1 миллиард сомонӣ (369,4 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2020 дар буҷаи давлатӣ барои суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ беш аз 3,9 миллиард сомонӣ (341,1 миллион доллар) ҷудо карда шуд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 6,4% зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, ҳаҷми маблағгузорӣ ба бахши иҷтимоӣ тақрибан 14,8 фоизи қисми хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистонро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0