Ҳабиб аз ҳамаи рейтингҳои UFC хориҷ шуд: ҷойи ӯро кӣ мегирад?

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкРоссийский чемпион UFC в лёгком весе Хабиб Нурмагомедов
Российский чемпион UFC в лёгком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки акнун собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук мебошад, аз ҳамаи рейтингҳо хориҷ шудааст
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Собиқ қаҳрамони  UFC дар вазни сабук  аз ҳамаи рейтингҳо дар сомонаи промоушн хориҷ карда шудааст.
Ин кор пас аз мулоқоти охирини ӯ бо президенти UFC Дана Уайт иттифоқ афтод. Уайт чанд рӯз пеш расман эълон кард, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов комилан тарки UFC кард ва ҳоло бознишаста аст.
 Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Ҳабиб гуфт, мардум бояд ӯро фаҳманд, зеро ҳар як муҳориба модарашро пир мекунад
Пас аз хориҷ кардани варзишгари Русия аз рейтингҳои промоушн, ​​ҷои ӯро собиқ қаҳрамони вазни сабук Ҷон Ҷонс ишғол кард.
Ёдовар мешавем, дар охирин набард, ки ба пирӯзии Ҳабиб анҷом ёфт, ӯ аз хотимаи фаъолияти варзишии худ эълон кард.
Варзишгар ба хотири ваъдае, ки ба модараш дода буд, фаъолияти худро дар ин соҳа ба поён расонд. Нурмуҳаммадов UFC-ро ҳамчун ғолиби мутлақ тарк кард: дар 29 мубориза ӯ ягон мағлубият надидааст.
Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш, ба размикори амрикоӣ Люк Рокхолд пешниҳод намуд, то мураббияш шавад ва собиқ қаҳрамонро дигарбора ба майдони набард биёрад.
Роҳи падар: Ҳабиб мураббии размикори амрикоӣ мешавад
Феълан, маълум нест, ки пешниҳоди Ҳабиб аз ҷониби Рокхолд пазируфта ва ё рад карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0