https://sputnik.tj/20210323/Shurigin-Uzbekiston-hamkori-Tojikiston-1033052805.html
Шуригин: Ӯзбекистон саъй дорад ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон амиқтар кунад
Шуригин: Ӯзбекистон саъй дорад ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон амиқтар кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи асосии Ӯзбекистон рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, мегӯяд роҳбари Ассотсиатсияи содиркунандагони хурду миёна Юрий... 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T10:00+0500
2021-03-23T10:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
иқтисод
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/51/1030755108_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_f0d9daa480d03fc9e4776c182b71296c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Солҳои наздик дар Ӯзбекистон метавонад ҷаҳиши рушди иқтисодӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин бора директори генералии Агентии байналмилалии пешбурди содирот (IEXPA), роҳбари Ассотсиатсияи содиркунандагони хурду миёна Юрий Шуригин ба Sputnik Ӯзбекистон гуфтааст.Ба гуфтаи вай, нақшаи асосии кишвар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷумҳурӣ мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ кунад.Коршинос қайд кард, ки ин кишвар барои пештози минтақа будан ҳама имконро дорад. Ӯзбекистон, ба гуфтаи Шуригин, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ бо он фарқ мекунад, ки дар соҳаи тиҷорат тағйироти мусбат ва сареъ дорад. Ҳамин тариқ, дар ин ҷо бисёр расмиёт дар пайи ислоҳот, аз ҷумла дар бахши андоз содда карда шудаанд."Агар мо Ӯзбекистонро сеюним сол пеш ва ҳоло муқоиса кунем, алахусус аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва савдои хориҷӣ, метавонем ду кишвари аз ҷиҳати фазои соҳибкорӣ фарқкунандаро бубинем", - гуфт мутахассис.Қаблан муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар мулоқот бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов гуфта буд, ки Русия ва Ӯзбекистон имкони ба 10 миллиард доллар расонидани тиҷоратро доранд.Ба гуфтаи Шуригин, чунин рақамҳо комилан воқеӣ мебошанд."Ин метавонад аз ҳисоби лоиҳаҳои ҷиддӣ ва бузурги инфрасохторӣ ё лоиҳаҳои муштараке, ки Русия дар қаламрави Ӯзбекистон амалӣ мекунад, бошад", - гуфт ӯ.Ба унвони мисол, ӯ сохтмони як нерӯгоҳи ҳастаиро мисол овард.Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанадШуригин дар бораи тиҷорати хурду миёна сухан ронда, рӯшан кард, ки аз як сӯ иқтидори Ӯзбекистон бениҳоят бузург аст, аммо аз тарафи дигар, маҳдуд мебошад.
https://sputnik.tj/20210228/uzbekiston-bemorkhona-tojikiston-1032905384.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/51/1030755108_98:0:1235:853_1920x0_80_0_0_874e66827c54a23f57e5dd09e37ed52a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иқтисод, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иқтисод, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, дар тоҷикистон
Шуригин: Ӯзбекистон саъй дорад ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон амиқтар кунад
10:00 23.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳадафи асосии Ӯзбекистон рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, мегӯяд роҳбари Ассотсиатсияи содиркунандагони хурду миёна Юрий Шуригин
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Солҳои наздик дар Ӯзбекистон метавонад ҷаҳиши рушди иқтисодӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин бора директори генералии Агентии байналмилалии пешбурди содирот (IEXPA), роҳбари Ассотсиатсияи содиркунандагони хурду миёна Юрий Шуригин ба Sputnik Ӯзбекистон гуфтааст.
Ба гуфтаи вай, нақшаи асосии кишвар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷумҳурӣ мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ кунад.
"Ҳадафи Ӯзбекистон рушди ҳамкориҳои дохилӣ дар Осиёи Марказӣ ва рушди ҳамкорӣ бо Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон аст", - гуфт Шуригин.
Коршинос қайд кард, ки ин кишвар барои пештози минтақа будан ҳама имконро дорад. Ӯзбекистон, ба гуфтаи Шуригин, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ бо он фарқ мекунад, ки дар соҳаи тиҷорат тағйироти мусбат ва сареъ дорад. Ҳамин тариқ, дар ин ҷо бисёр расмиёт дар пайи ислоҳот, аз ҷумла дар бахши андоз содда карда шудаанд.
"Агар мо Ӯзбекистонро сеюним сол пеш ва ҳоло муқоиса кунем, алахусус аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва савдои хориҷӣ, метавонем ду кишвари аз ҷиҳати фазои соҳибкорӣ фарқкунандаро бубинем", - гуфт мутахассис.
Қаблан муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар мулоқот бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов гуфта буд, ки Русия ва Ӯзбекистон имкони ба 10 миллиард доллар расонидани тиҷоратро доранд.
Ба гуфтаи Шуригин, чунин рақамҳо комилан воқеӣ мебошанд.
"Ин метавонад аз ҳисоби лоиҳаҳои ҷиддӣ ва бузурги инфрасохторӣ ё лоиҳаҳои муштараке, ки Русия дар қаламрави Ӯзбекистон амалӣ мекунад, бошад", - гуфт ӯ.
Ба унвони мисол, ӯ сохтмони як нерӯгоҳи ҳастаиро мисол овард.
Шуригин дар бораи тиҷорати хурду миёна сухан ронда, рӯшан кард, ки аз як сӯ иқтидори Ӯзбекистон бениҳоят бузург аст, аммо аз тарафи дигар, маҳдуд мебошад.