Гулсифат Шаҳидӣ беҳтарин нависандаи кӯдакон дар Русия эътироф шуд

CC BY-SA 4.0 / Abubakrnorimov / Гульсифат Шахиди
Гульсифат Шахиди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Насрнавис, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар бахши адабиёти бачагона, ҷоизаи солонаи адабии Русияро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Ҷоизаи "Нависандаи сол" дар Маскав супорида шуд, ки дар он яке аз ҷоизаҳо ба нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ тақдим шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Иттифоқи нависандагони Русия.
Дар Маскав барандагони ҷоизаҳои миллии адабӣ эълон шуданд ва худи маросими супоридани ҷоизаҳо дар толори консертии ҳукумат баргузор шуд.
Гуфта ешавад, Шаҳидӣ, ки дар озмуни мазкур Душанберо намояндагӣ мекард, ҷоизаи "Адабиёти кӯдакон" - ро соҳиб шуд.
Ба иттилои манбаъ, асарҳои иштирокчиёни озмун давоми сол интихоб карда шуданд ва дар натиҷа 200 нафар шоирон ва 100 насрнавис аз минтақаҳои гуногуни Русия, инчунин хориҷи дур ва наздик ба рӯйхати кӯтоҳ шомил карда шуданд.
Абдукахор Косим избран академиком Международной академии русской литературы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Шоири тоҷик лауреати Ҷоизаи байналмилалии "Антуан де Сент-Экзюпери" дар соли 2021 гардид
Ҳакамон Макс Зимовро аз Маскав нависандаи сол номиданд ва ӯро бо ҷоизаи дараҷаи 1 сарфароз гардонданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Александр Валт аз Санкт-Петербург ва Олег Пономарев аз Тула гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки ҷоизаҳоро Иттифоқи нависандагони Русия бо мақсади ҷустуҷӯи муаллифони нави боистеъдод, ки қодиранд ба адабиёти муосири рус таъсир расонанд, таъсис додаст.
Ҳама барандагон ҳуқуқи нашри китоби худро аз ҳисоби кумитаи тадорукотӣ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Саттаровҳо таваллуд шудааст.
Номбурда журналист, адабиётшинос ва насрнавис, номзади илмҳои филологӣ мебошад. Ғайр аз он, Шаҳидӣ узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.
Бисёре аз асарҳои Шаҳидӣ борҳо дар Душанбе, Лондон, Маскав, Ню-Йорк, Вашингтон, Стокҳолм, Кембриҷ, Минск, Калининград ва Тел-Авив муаррифӣ шудаанд.
Тоҷикистонӣ академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд
Имрӯз вай дар Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад.
Гулсифат Шаҳидӣ ҳамсари композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ ва модари продюсери рус Табриз Шаҳидӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0