https://sputnik.tj/20210323/Navruz-Maskav-dar-Luzhniki-1033054939.html
Наврӯзи Маскав: аз рақсу суруд то волейболи бонувон ва гуштингирии мардон - видео
Наврӯзи Маскав: аз рақсу суруд то волейболи бонувон ва гуштингирии мардон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни баҳорӣ махсусан дар Лужники ба таври васеъ таҷлил шуд, ки дар он меҳмонон метавонистанд, таомҳои анъанавии шарқиро чашида, сабқати варзишгаронро тамошо... 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T14:45+0500
2021-03-23T14:45+0500
2021-03-23T15:56+0500
видео
наврӯз
маскав
таҷлил
рақс
"нур"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033054737_10:-1:1920:1080_1920x0_80_0_0_1105bf18272f582cee1c11c26a6b9ecb.jpg
Наврӯз, ҷашни бостонии мардуми форсизабон беш аз 10 сол аст, ки дар пойтахти Русия ҷашн гирифта мешавад. Солҳои охир он дар миқёси бузург баргузор шуда, даҳҳо ҳазор тамошобинро ҷалб кардааст.Бо вуҷуди ин, дар соли 2020, ҳама хурсандиро пандемия вайрон кард - татбиқи чораҳои қатъии карантини аслан як ҳафта пеш аз санаи чашмдошти ҷашнҳои оммавӣ оғоз ёфт.Ин аст, ки имсол диаспораи тоҷикон дар Маскав на танҳо баҳор ва рӯзҳои аввали гармро истиқбол кард, балки ба назар чунин менамуд, ки "вируси корона" -ро бо табъи идонаи худ аз миён рафъ мекарданд.Ҳарчанд Наврӯз якбора дар якчанд ҷойгоҳҳо чӣ дар интернет ва чӣ дар ВДНХ ҷашн гирифта мешуд, аммо бузургтарин ҷашн дар Аренаи Хурд дар "Лужники" баргузор шуд. Созмони ҷамъиятии "НУР" барномаеро рощандозӣ кард, то Наврӯз-2021 барои меҳмонон хотирмон бошад."Барои омодагӣ захираҳои зиёд ҷалб карда шуд. Ва худи ташкили истироҳат ба шарофати меҳнат, дониш ва кӯмаки ихтиёриён имконпазир гардид", - гуфт роҳбари созмон Карамшо Мамаднасимов.Дар зери як бом чанд намуди сабқатҳои наврӯзӣ баргузор шуд, ки асосиаш мусобиқаи гӯштингирӣ буд. Ғизои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ - сурудҳо ва рақсҳои миллӣ барномаро боз рангинтар карданд.Ва бояд гуфт - ид бомуваффақият гузашт. Дар ҳар сурат, фазои Лужники ба ҳадде гарм ва самимӣ буд, ки ба наздик омадани баҳори имсола шубҳае набуд.
https://sputnik.tj/20210321/Navruz-tojikon-Maskav-1033043314.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033054737_189:-1:1907:1080_1920x0_80_0_0_3d13dc4deff9baeea5853b2f2884644e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, наврӯз, маскав, таҷлил, рақс, "нур"
видео, наврӯз, маскав, таҷлил, рақс, "нур"
Наврӯзи Маскав: аз рақсу суруд то волейболи бонувон ва гуштингирии мардон - видео
14:45 23.03.2021 (Навсозишуда: 15:56 23.03.2021) Ҷашни баҳорӣ махсусан дар Лужники ба таври васеъ таҷлил шуд, ки дар он меҳмонон метавонистанд, таомҳои анъанавии шарқиро чашида, сабқати варзишгаронро тамошо кунанд ва бо дӯстону оила хурсандӣ кунанд
Наврӯз, ҷашни бостонии мардуми форсизабон беш аз 10 сол аст, ки дар пойтахти Русия ҷашн гирифта мешавад. Солҳои охир он дар миқёси бузург баргузор шуда, даҳҳо ҳазор тамошобинро ҷалб кардааст.
Бо вуҷуди ин, дар соли 2020, ҳама хурсандиро пандемия вайрон кард - татбиқи чораҳои қатъии карантини аслан як ҳафта пеш аз санаи чашмдошти ҷашнҳои оммавӣ оғоз ёфт.
Ин аст, ки имсол диаспораи тоҷикон дар Маскав на танҳо баҳор ва рӯзҳои аввали гармро истиқбол кард, балки ба назар чунин менамуд, ки "вируси корона" -ро бо табъи идонаи худ аз миён рафъ мекарданд.
Ҳарчанд Наврӯз якбора дар якчанд ҷойгоҳҳо чӣ дар интернет ва чӣ дар ВДНХ ҷашн гирифта мешуд, аммо бузургтарин ҷашн дар Аренаи Хурд дар "Лужники" баргузор шуд. Созмони ҷамъиятии "НУР" барномаеро рощандозӣ кард, то Наврӯз-2021 барои меҳмонон хотирмон бошад.
"Барои омодагӣ захираҳои зиёд ҷалб карда шуд. Ва худи ташкили истироҳат ба шарофати меҳнат, дониш ва кӯмаки ихтиёриён имконпазир гардид", - гуфт роҳбари созмон Карамшо Мамаднасимов.
Дар зери як бом чанд намуди сабқатҳои наврӯзӣ баргузор шуд, ки асосиаш мусобиқаи гӯштингирӣ буд. Ғизои идона ва чорабиниҳои фарҳангӣ - сурудҳо ва рақсҳои миллӣ барномаро боз рангинтар карданд.
Ва бояд гуфт - ид бомуваффақият гузашт. Дар ҳар сурат, фазои Лужники ба ҳадде гарм ва самимӣ буд, ки ба наздик омадани баҳори имсола шубҳае набуд.