https://sputnik.tj/20210323/Lavrov-ravobit-rusiya-ittihodi-avrupo-1033053314.html
Лавров гуфт, равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо қатъ шуд
Лавров гуфт, равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо қатъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров аз хароб шудани равобити ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо гуфт 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T10:43+0500
2021-03-23T10:43+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
сиёсат
сергей лавров
иа
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032897525_0:0:3205:1802_1920x0_80_0_0_1fe8fca6b25e2e6fb35f81c8168464e3.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Сергей Лавров аз қатъ шудани равобити Русия бо ИА хабар дод. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтушунид бо ҳамтои худ Ван И хабар дода, гуфт "Маскав бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун созмон робитае надорад ва онро Брюссел хароб кард".Ба изҳори ӯ, Аврупо тамоми муносибатҳое, ки солҳои дароз эҷод шуда буданд, хароб кард. Аз ин рӯ, минбаъд муносибатҳои Русия бо Чин зудтар рушд мекунад.Аммо дипломати рус мегӯяд, агар Аврупо тасмимашро дигар кунад ва аз пайи бартараф кардани номутаносибҳое, ки худ дар муносибат бо Русия эҷод карду даст ба кор шавад, он гоҳ Маскав омодааст муносибатро дар заминаи баробарӣ ва дар пайи тавозуни манфиатҳо барқарор кунад.Лавров ҳамчунин илова кард, ки "агар феълан дар муносибат бо ғарб ягон пешравӣ дида намешавад, Русия бо кишварҳои шарқ барномаҳои бузург дорад, ки ҳамасола равнақ меёбанд".Лавров: Иттиҳоди Аврупо худ муносибаташро бо Русия хароб мекунад - видеоАхиран, равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар робита ба ном "парвандаи Навалний" сардтар шуд. ИА таҳримҳои нави зидди Русияро ҷорӣ кард. Вазорати корҳои хориҷӣ онҳоро "роҳи сарбаста ва ғайриқонунӣ" номид ва ваъда дод, ки ҳатман посух хоҳад дод.Ба таъкиди котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков, Кремл мутмаин аст, ки сиёсати таҳримот алайҳи Маскав ба ҳадафи худ нарасида истодааст.
https://sputnik.tj/20210321/lavrov-qarb-diplomat-navor-1033042004.html
иа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032897525_195:0:2926:2048_1920x0_80_0_0_02fedc212827084569da41eb783dddb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, сиёсат , сергей лавров, иа, равобит
ҳамаи хабарҳо, дар русия, сиёсат , сергей лавров, иа, равобит
Лавров гуфт, равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо қатъ шуд
10:43 23.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров аз хароб шудани равобити ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо гуфт
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Сергей Лавров аз қатъ шудани равобити Русия бо ИА хабар дод. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтушунид бо ҳамтои худ Ван И хабар дода, гуфт "Маскав бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун созмон робитае надорад ва онро Брюссел хароб кард".
Ба изҳори ӯ, Аврупо тамоми муносибатҳое, ки солҳои дароз эҷод шуда буданд, хароб кард. Аз ин рӯ, минбаъд муносибатҳои Русия бо Чин зудтар рушд мекунад.
"Бори дигар таъкид мекунам, ки бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун созмон мо робита надорем. Тамоми инфрасохтори ин равобит бо тасмимҳои якҷонибаи Брюссел хароб шуд", - тавзеҳ дод Лавров.
Аммо дипломати рус мегӯяд, агар Аврупо тасмимашро дигар кунад ва аз пайи бартараф кардани номутаносибҳое, ки худ дар муносибат бо Русия эҷод карду даст ба кор шавад, он гоҳ Маскав омодааст муносибатро дар заминаи баробарӣ ва дар пайи тавозуни манфиатҳо барқарор кунад.
Лавров ҳамчунин илова кард, ки "агар феълан дар муносибат бо ғарб ягон пешравӣ дида намешавад, Русия бо кишварҳои шарқ барномаҳои бузург дорад, ки ҳамасола равнақ меёбанд".
Ахиран, равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар робита ба ном "парвандаи Навалний" сардтар шуд. ИА таҳримҳои нави зидди Русияро ҷорӣ кард. Вазорати корҳои хориҷӣ онҳоро "роҳи сарбаста ва ғайриқонунӣ" номид ва ваъда дод, ки ҳатман посух хоҳад дод.
Ба таъкиди котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков, Кремл мутмаин аст, ки сиёсати таҳримот алайҳи Маскав ба ҳадафи худ нарасида истодааст.