Кумаки Вазорати фарҳанг ба ятимону камбизоатон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМинистерство культуры Таджикистана
Министерство культуры Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба кӯдакони ятиму хонаводаҳои камбизоат кумак кард
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ туҳфаҳо тақдим кард.
Женщина с лепешками в Худжанде возле ящика добра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Роҳи хайрия: чигуна бознишастагони Суғд ба мардуми камбизоат кумак мерасонанд
Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷмуъ ба ятимон 100 адад туҳфаи наврӯзӣ тақдим шудааст. 
Гуфта мешавад, ки туҳфаҳо аз ҷониби муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба хонандагон тақдим гардид.
Манбаъ афзуда, ки хонандагону тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ ва шодӣ намудаанд.
Кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоати Тоҷикистон: чанд сумӣ ва ба киҳо?
Вазорат мегӯяд, иқдомҳои ин ниҳод дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати президент сарчашма гирифта, он мунтазам амалӣ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0