Доя Бобоқулова, ки духтари чорсоларо кушт, аз Русия ихроҷ мешавад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкНяня Гюльчехра Бобокулова (в центре), обвиняемая в убийстве 4-летней девочки Насти Мещеряковой
Няня Гюльчехра Бобокулова (в центре), обвиняемая в убийстве 4-летней девочки Насти Мещеряковой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Пас аз хатми табобати маҷбурӣ, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои куштори кӯдак маҳкум шудааст, аз Русия хориҷ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Гулчеҳра Бобоқулова, дояе аз Ӯзбекистон, ки барои куштори кӯдак маҳкум шудааст, пас аз ба охир расидани табобати маҷбурӣ аз Русия хориҷ карда мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия.
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе
"Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар бораи номатлуб будани будубоши Гулчеҳра Бобоқулова дар Федератсияи Русия қарор қабул кард. Пас аз ба охир расидани табобат вай аз кишвар хориҷ карда мешавад", - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2016 шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова барои духтари чорсола дар оилае ба ҳайси доя кор мекард.
Яке аз рӯзҳо номбурда мунтазир шуд, то волидон бо фарзанди калонии худ аз хона баромада рафтанд ва пасон духтарчаи хурдсолро куштаву хонае, ки дар он кор мекард оташ зада баромада рафт.
Санаи 29 феврали соли 2016 баъди хомӯш кардани оташ дар яке хонаҳои воқеъ дар кӯчаи "Народного Ополчения"-и Москва ҷисми бесари духтарчаи чорсоларо пайдо карданд.
Баъдан Бобоқулова дар назди истгоҳи метрои "Майдони октябр" ҳангоме боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи кӯдакро алвонҷ медоду худ бо худ гап мезад.
Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар дод, ки Бобоқулова метавонист иғвогарон дошта бошад, алахусус ҳамҳуҷраи собиқи ӯ, ки ӯро бо ғояҳои ифротгароии исломӣ водор кардааст.
Зане, ки писари 7-cоларо дар пойтахт кушту фирор кард, боздошт шуд
Тобистони ҳамон сол, пас аз якчанд таҳқиқот, коршиносон Гулчеҳра Бобоқуловаро рӯҳан носолим донистаанд. Дар аввали соли 2017 вай барои табобати маҷбурӣ ба яке аз беморхонаҳо фиристода шуд.
Лентаи хабарҳо
0