https://sputnik.tj/20210322/Safar-Erduqon-kazokiston-laqv-1033050998.html
Сафари Эрдуғон ба Қазоқистон лағв шуд
Сафари Эрдуғон ба Қазоқистон лағв шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бояд авохири моҳи ҷорӣ барои иштирок дар як саммит озими Қазоқистон мешуд 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T18:50+0500
2021-03-22T18:50+0500
2021-03-22T19:07+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
сиёсат
қазоқистон
туркия
раҷаб таиб эрдуғон
лағв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491458_0:63:3117:1816_1920x0_80_0_0_ddc48e1dc05f0458120275facfac0920.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сафари кории кишвардори Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Қазоқистон лағв шуд, хабар медиҳад РИА новости. Эрдуғон бояд барои иштирок дар саммити ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки рӯзҳои 30-31 дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзид. Мавҷи сеюми коронавирус? пизишкони Нур-Султон аз авҷи шадиди беморӣ бонги изтироб мезанандБа иттилои манбаъ, ҳоло кишвардор аз тариқи фазои маҷозӣ дар кори ин саммит иштирок мекунад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эрдуғон барои ширкат дар ҳамоиши ғайрирасмии Шӯрои Туркия, ки 31 март дар шаҳри Туркистон баргузор мешавад, ба Қазоқистон ташриф меорад.Шӯрои Туркистон, ки моҳи октябри соли 2009 таъсис ёфтааст, як созмони байналмилалиест, ки давлатҳои муосири туркро муттаҳид мекунад ва ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни давлатҳо мебошад. Ин шӯро кишварҳои ба мисли Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва ӯзбакистонро дарбар мегирад. Ҳамчунин Маҷористон ба ҳайси нозир дар шӯрои мазкур иштирок мекунад.Лағв шудани сафари кишвардори Туркия ба Қазоқистон шояд ба бад шудани вазъи коронавирус дар ин кишвар вобаста бошад.Зеро чанде пеш пизишкони шаҳри Нур - Султон аз мавҷи сеюми коронавирус ҳушдор дода буданд.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491458_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_580a78ad7749fd2926446b17dfffa88c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , қазоқистон, туркия, раҷаб таиб эрдуғон, лағв
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, сиёсат , қазоқистон, туркия, раҷаб таиб эрдуғон, лағв
Сафари Эрдуғон ба Қазоқистон лағв шуд
18:50 22.03.2021 (Навсозишуда: 19:07 22.03.2021) Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бояд авохири моҳи ҷорӣ барои иштирок дар як саммит озими Қазоқистон мешуд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сафари кории кишвардори Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Қазоқистон лағв шуд, хабар медиҳад РИА новости. Эрдуғон бояд барои иштирок дар саммити ғайрирасмии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки рӯзҳои 30-31 дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзид.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло кишвардор аз тариқи фазои маҷозӣ дар кори ин саммит иштирок мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эрдуғон барои ширкат дар ҳамоиши ғайрирасмии Шӯрои Туркия, ки 31 март дар шаҳри Туркистон баргузор мешавад, ба Қазоқистон ташриф меорад.
"Сафари президенти мо ба Қазоқистон, ки рӯзҳои 30-31 март пешбинӣ шуда буд, бекор карда шуд; вай дар саммити ғайрирасмии Шӯрои Туркия тавассути видеоконференсия ширкат хоҳад кард", - омадааст дар хабари маъмурияти Эрдуғон.
Шӯрои Туркистон, ки моҳи октябри соли 2009 таъсис ёфтааст, як созмони байналмилалиест, ки давлатҳои муосири туркро муттаҳид мекунад ва ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни давлатҳо мебошад. Ин шӯро кишварҳои ба мисли Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва ӯзбакистонро дарбар мегирад. Ҳамчунин Маҷористон ба ҳайси нозир дар шӯрои мазкур иштирок мекунад.
Лағв шудани сафари кишвардори Туркия ба Қазоқистон шояд ба бад шудани вазъи коронавирус дар ин кишвар вобаста бошад.
Зеро чанде пеш пизишкони шаҳри Нур - Султон аз мавҷи сеюми коронавирус ҳушдор дода буданд.