https://sputnik.tj/20210322/Khibon-yodbudi-Ismoili-Somon-Mazori-Sharif-1033052092.html
Хиёбон ва маҷмааи ёдбуди Амир Исмоили Сомонӣ дар Мазори Шариф
Хиёбон ва маҷмааи ёдбуди Амир Исмоили Сомонӣ дар Мазори Шариф
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон, хиёбоне ба номи Амир Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, дар он маҷмааи ёдбуди ӯ низ бунёд гардид 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T20:12+0500
2021-03-22T20:12+0500
2021-03-22T20:40+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
исмоили сомонӣ
мазори шариф
маҷмаа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102835/66/1028356625_0:0:1000:566_1920x0_80_0_0_1ed2eb144865da8fca0278b42f2d276c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Солеҳ Муҳаммад Халиқ, раиси иттилооту фарҳанги дафтари волии Балх, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайванд бо 5700 - солагии бунёдгузории Балх ва Наврӯзи соли 1400 ҳиҷрии хуршедӣ аз ёдгоҳ ва катибаи "Хиёбони Шоҳ Исмоили Сомонӣ" дар шаҳри Мазор Шариф, маркази вилояти Балх, пардабардорӣ гардид."Ин хиёбон, ки аз шарқи майдони Фирдавсӣ то дарвозаи шарқии шаҳр, воқеъ дар дуроҳаи Ҳайратон тӯл мекашад, қаблан бар бунёди пешниҳоди Ато Муҳаммади Нур, волии вақти Балх ва нома ба вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон номгузорӣ шуда буд" - гуфт Солеҳ Муҳаммад Халиқ.Амир Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (849-907), маъруф ба Мири Одил, писари Сомонхудоти Балхӣ аз қавми тоҷик ва бунёдгузори силсилаи бузурги Сомониён – аввалин давлати тоҷикон дар Хуросону Мовароуннаҳр аст. Амир Исмоил ҳудуди 15 сол (892 – 907) ҳукмронӣ кардааст.Дар Тоҷикистон бузургтарин муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ва дар чандин шаҳри дигари ин кишвар муҷасаммаҳои хурду бузурги ӯ қомат афрохтаанд. Даҳҳо маҳаллу мактаб ва муассиса низ ба Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудаанд.Раиси иттилооту фарҳанги дафтари волии Балх мегӯяд, ин кутубия ва ёдгоҳ бо сармоягузории Ато Муҳаммади Нур, сиёсатмадори маъруф ва ҳомии фарҳанг дар Афғонистон, сохта шуда, як кори мондагор дар ростои худогоҳӣ ва худшиносии таърихиву фарҳангии мардуми ин кишвар аст.
https://sputnik.tj/20180925/Paykarasozi-Ismoili-Somoni-dar-borai-chehrai-shoh-va-hunari-merosi-1026900856.html
мазори шариф
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102835/66/1028356625_0:0:1000:630_1920x0_80_0_0_c89fba416a2f37f10fecf0d3d1e13968.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, исмоили сомонӣ, мазори шариф, маҷмаа
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, исмоили сомонӣ, мазори шариф, маҷмаа
Хиёбон ва маҷмааи ёдбуди Амир Исмоили Сомонӣ дар Мазори Шариф
20:12 22.03.2021 (Навсозишуда: 20:40 22.03.2021) Дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон, хиёбоне ба номи Амир Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, дар он маҷмааи ёдбуди ӯ низ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Солеҳ Муҳаммад Халиқ, раиси иттилооту фарҳанги дафтари волии Балх, ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайванд бо 5700 - солагии бунёдгузории Балх ва Наврӯзи соли 1400 ҳиҷрии хуршедӣ аз ёдгоҳ ва катибаи "Хиёбони Шоҳ Исмоили Сомонӣ" дар шаҳри Мазор Шариф, маркази вилояти Балх, пардабардорӣ гардид.
"Ин хиёбон, ки аз шарқи майдони Фирдавсӣ то дарвозаи шарқии шаҳр, воқеъ дар дуроҳаи Ҳайратон тӯл мекашад, қаблан бар бунёди пешниҳоди Ато Муҳаммади Нур, волии вақти Балх ва нома ба вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон номгузорӣ шуда буд" - гуфт Солеҳ Муҳаммад Халиқ.
Амир Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (849-907), маъруф ба Мири Одил, писари Сомонхудоти Балхӣ аз қавми тоҷик ва бунёдгузори силсилаи бузурги Сомониён – аввалин давлати тоҷикон дар Хуросону Мовароуннаҳр аст. Амир Исмоил ҳудуди 15 сол (892 – 907) ҳукмронӣ кардааст.
Дар Тоҷикистон бузургтарин муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ва дар чандин шаҳри дигари ин кишвар муҷасаммаҳои хурду бузурги ӯ қомат афрохтаанд. Даҳҳо маҳаллу мактаб ва муассиса низ ба Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудаанд.
Раиси иттилооту фарҳанги дафтари волии Балх мегӯяд, ин кутубия ва ёдгоҳ бо сармоягузории Ато Муҳаммади Нур, сиёсатмадори маъруф ва ҳомии фарҳанг дар Афғонистон, сохта шуда, як кори мондагор дар ростои худогоҳӣ ва худшиносии таърихиву фарҳангии мардуми ин кишвар аст.