https://sputnik.tj/20210322/Firor-sardor-rayosati-pulis-Bodkand-Tojikiston-kushtor-1033051127.html
Фирори сардори раёсати пулиси Бодканд ба Тоҷикистон - манбаъ: аз баҳси тиҷорӣ то куштор
Фирори сардори раёсати пулиси Бодканд ба Тоҷикистон - манбаъ: аз баҳси тиҷорӣ то куштор
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Раёсати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи вилояти Бодканд дар фармоиши қатли як тоҷир муттаҳам мешавад. Расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, мақомдори баландпоя... 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T19:20+0500
2021-03-22T19:20+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қирғизистон
марз
сарҳад
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101715/77/1017157781_0:120:2829:1719_1920x0_80_0_0_25845a728a19163cbe930e1fcb2255e4.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Мақомдори баландпояи пулиси Қирғизистон дар фармоиши як сӯиқасди куштор муттаҳам мешавад, ки 13 сол қабл рух додааст.Подполковник М.Н, сардори Раёсати бехатарии ҳаракати роҳи вилояти Бодканд феълан дар фирор буда, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин иддаоро расман шарҳ надодаанд. Дар Қирғизистон қаблан аз рӯи ин парванда ду корманди милиса низ боздошт шудаанд.Ба иттилои манбаъ, соли 2008 миёни соҳибкоре, ки ба коркарди кони ангишт дар Сулюкта машғул будааст ва як тоҷири дигар танише рух медиҳад. Аввалӣ аз наздикони М.Н будааст, ки он замон муфаттиш будааст."Бар асоси фарзияи тафтишот, М.Н. ба як сокини маҳаллӣ фармоиш додааст, ки соҳибкори дуюмиро кушад. Аммо соҳибкор ҷон ба саломат бурд, яке аз ҳамлагаронро шинохт ва ба милиса муроҷиат кард", - нақл кардааст манбаи Sputnik Қирғизистон.Ӯ илова намудааст, ки яке аз ҳамлагаронро соли 2015 боздошт карданд ва ӯ гуноҳашро иқрор намуда, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.Мақомоти Қирғизистон: Тоҷикистону Ӯзбекистон аз қаламрави мо нафту газ истихроҷ намекунанд"Аммо маҳкумшуда нагуфтааст, ки ин сӯиқасд фармоишӣ буд. Баъди раҳоӣ аз зиндон аз фармоишгар пул хост, ки аввал пардохт мекардаасту баъдан даст кашидааст. Бар асоси иттилоияи аввалия ҷонибҳо барои ду миллион соми қирғизӣ созиш кардаанд, аммо фармоишгар танҳо 1,5 миллионро пардохт кардааст. Баъдан иҷрокунанда бо ариза ба додситонӣ муроҷиат намудааст”, - нақл кард мусоҳиб.Таъкид шудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210320/jabborov-Rahmon-sipos-navruz-tabrik-1033036736.html
https://sputnik.tj/20210318/Muloqot-Saymumin-Yatimov-va-Kamchibek-Tashiev-1033020492.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101715/77/1017157781_0:30:2829:1809_1920x0_80_0_0_1411c8a9d5c4f8ab1105e820dcda2699.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, қирғизистон, марз, сарҳад, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, қирғизистон, марз, сарҳад, дар тоҷикистон
Фирори сардори раёсати пулиси Бодканд ба Тоҷикистон - манбаъ: аз баҳси тиҷорӣ то куштор
19:20 22.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Сардори Раёсати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи вилояти Бодканд дар фармоиши қатли як тоҷир муттаҳам мешавад. Расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, мақомдори баландпоя ба Тоҷикистон фирор кардааст
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Мақомдори баландпояи пулиси Қирғизистон дар фармоиши як сӯиқасди куштор муттаҳам мешавад, ки 13 сол қабл рух додааст.
Подполковник М.Н, сардори Раёсати бехатарии ҳаракати роҳи вилояти Бодканд феълан дар фирор буда, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин иддаоро расман шарҳ надодаанд. Дар Қирғизистон қаблан аз рӯи ин парванда ду корманди милиса низ боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли 2008 миёни соҳибкоре, ки ба коркарди кони ангишт дар Сулюкта машғул будааст ва як тоҷири дигар танише рух медиҳад. Аввалӣ аз наздикони М.Н будааст, ки он замон муфаттиш будааст.
"Бар асоси фарзияи тафтишот, М.Н. ба як сокини маҳаллӣ фармоиш додааст, ки соҳибкори дуюмиро кушад. Аммо соҳибкор ҷон ба саломат бурд, яке аз ҳамлагаронро шинохт ва ба милиса муроҷиат кард", - нақл кардааст манбаи Sputnik Қирғизистон.
Ӯ илова намудааст, ки яке аз ҳамлагаронро соли 2015 боздошт карданд ва ӯ гуноҳашро иқрор намуда, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
"Аммо маҳкумшуда нагуфтааст, ки ин сӯиқасд фармоишӣ буд. Баъди раҳоӣ аз зиндон аз фармоишгар пул хост, ки аввал пардохт мекардаасту баъдан даст кашидааст. Бар асоси иттилоияи аввалия ҷонибҳо барои ду миллион соми қирғизӣ созиш кардаанд, аммо фармоишгар танҳо 1,5 миллионро пардохт кардааст. Баъдан иҷрокунанда бо ариза ба додситонӣ муроҷиат намудааст”, - нақл кард мусоҳиб.
Таъкид шудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.