Абдуллозода ва Меликов ба 45 оилаи ниёзманди Душанбе кӯмак расонданд

© посольство РФ в РТРоссия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана
Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Обуна шудан
Сокинони 4 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур дар арафаи иди Наврӯз аз ҷониби вакилони саховатманд кӯмаки якдафъаина дарёфт намуданд
ДУШАНБЕ, 20 март - Sputnik. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ду вакили тоҷик ба оилаҳои ниёзманди пойтахт кӯмаки яквақта супорида шуд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, Исматулло Абдуллозода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Аслиддин Меликов ба 45 оилаи ниёзманд кӯмак расонида шуд.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Хоҷазода: 57%-и оилаҳои ниёзманд замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд
Гуфта мешавад, 45 хонаводае, ки кӯмаки мазкурро дарёфт намуданд, сокинони маҳаллаҳои "Шоҳмансур 1", "Восифӣ", "Бедил" ва шаҳраки "Роҳиоҳанчиён"-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мебошад.
Манбаъ меафзояд, ба оилаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, картошка ва пиёз супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш 100 оилаи ниёзманд аз шаҳри Душанбе кӯмаки озуқавориро дарёфт намуда буданд.
Кӯмакҳои моддии яквақтаина, ки асосан аз маводи хӯрокворӣ иборатанд, ҳудуди 100 оилаи ниёзманди пойтахт дарёфт карданд. Ба 100 оилаи ниёзманд вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода кӯмак расонд.
Лентаи хабарҳо
0