Бо садои карнай ва аз Қалъаи Ҳисор: паёми Наврӯзии сафири Эрон дар Тоҷикистон - навор

Обуна шудан
Муҳаммадтақии Собирӣ сафирииЭрон дар Тоҷикистон дар як паёми видеоӣ ҳамватанони худ ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфтааст
Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамватанони худ ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо Наврӯзи Аҷам табрик намудааст. Навори шодбошии сафир дар Қалъи Ҳисор бо садои карнаю суранай оғоз ёфтааст.
Собирӣ дар паёми худ, Наврӯзи куҳанро, ҷашни густараи паҳновар меномад, ки ҳамгом бо табиат, зиндагӣ ва шодиро барои мардумон ба армуғон меовард.
"Дӯстӣ меафшонаду оштӣ месозад ва ҳамдилӣ, ягонагӣ ва якпорчагиро дар миёни мардум мегустаронад", - таъкид намудааст сафири Эрон.
Ӯ мегӯяд, дар рӯзгоре, ки бархе ба думболи шӯълавар кардани оташи ихтилоф, ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст, ки рамзи тавҳидро ёдовар мешавад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад, то биандешанд ба неъматҳое, ки аз ҷониби худованди якто бар суфраи зиндагӣ доранд ва бидонанд, "ки дар офариниш зи як гавҳаранд".
Дипломати эронӣ аз эҳтимому пешгомии ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамроҳии соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои сабти он дар маҷомеъи байналамллӣ, нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан мебошад, ки мардумони ин кишварҳо рӯзгорони гузашта дар канори ҳам, нигаҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд
Ӯ мегӯяд, иқдомоти хубе дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муаррифии "Наврӯз" шудааст, вале боз ҳам ҷои эҳтимому талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии ниёгонамон вуҷуд дорад.
"Густараи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ қидмати чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгароии минтақавӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломатияи фарҳангӣ омиле муҳим барои ин ҳамгароист чаро, ки ҷашни Наврӯз бо унвони "Дипломатияи  Наврӯз" метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд.
Муҳаммадтақи Собирӣ дар баробари ҳамватанони эронии худ ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамаи мардумоне, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд, табрику муборакбод намуд.
Лентаи хабарҳо
0