https://sputnik.tj/20210320/million-qarzi-Naimjoni-Saidali-zurgiyash-nisbati-pisarkhond-video-1033039497.html
Як миллион қарзи Наимҷони Саидалӣ ва зӯргӯияш нисбати писархонд: шарҳи овозхон – видео
Як миллион қарзи Наимҷони Саидалӣ ва зӯргӯияш нисбати писархонд: шарҳи овозхон – видео
Sputnik Тоҷикистон
Наимҷони Саидалӣ, овозхони шинохтаи тоҷик дар бораи як миллион сомонӣ қарздор шудан ва навори зӯргӯияш нисбати фарзандхонди худ суҳбат кард 20.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-20T17:52+0500
2021-03-20T17:52+0500
2021-03-20T17:51+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_e37cdf54f012cb759a9ae1a58c0e44c4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Наимҷони Саидалӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо” изҳор дошт, ки соли 2019 иштибоҳе карду 1 миллион сомонӣ қарздор шуд. Ӯ дар суҳбат бо Орзу Исо изҳор дошт, ки тайи ду сол бо талошҳо тавонист, аз ин вазъият барояду феълан ҳолаш хуб мебошад.Овозхон нахост тафсилоти чӣ гуна қарздор шуданашро шарҳ диҳад, танҳо таъкид намуд, ки ин ба тиҷорат рабте надошту танҳо иштибоҳи ӯ буд, ки дигар такрор намешавад.Наимҷон инчунин навори зӯргӯияш нисбати фарзандхонди худ Шердилро шарҳ додаст, ки ахиран пораи кӯтоҳе аз он дар интернет нашр шуда буд. Овозхон гуфт, Шердилро бо розигии модараш, ки дар Маскав аст, ба шогирдию фарзандхондӣ гирифтааст, то тарбият кунаду ҳунар омӯзонад. Наимҷон нақл кард, ки зимни як барнома дар ноҳияи Рӯдакӣ Шердилро диду сабт кард ва баъдан ба фарзандхонию тарбият гирифтааст. Писархондаш Шердили 14-сола феълан бо садою гиторнавозияш ба яке аз ситораҳои интернет табдил ёфтааст. Дар мавриди ҳолати зӯргӯияш нисбати писархонд, Наимҷони Саидалӣ гуфт, шабона дар пахшҳои мустақим сурудхонӣ мекунанд ва он рӯз дид, ки Шердил хоб дораду ба таъкидҳои ба такрораш, ки равад хоб кунад, гӯш надод. Овозхон афзуд, ки дар натиҷа садояшро баланд карду ӯро тела дод, то равад хоб кунад, аммо дар интернет порае аз он нашр гардиду овозхон мавриди маломати корбарон қарор гирифт.Овозхон изҳор дошт, ки бо вуҷуди беш аз 4 соли оиладорияш худаш ҳанӯз фарзанддор нашудааст ва Шердилро ба тарбияи худ гирифтааст, то ҳунар омӯзонад, калон шавад ва модарашро нигоҳ кунад.
https://sputnik.tj/20201208/Sito-osim-dar-oe-musofir-am-bosham-yak-marotiba-namozamro-mekhonam-1032415526.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_96:0:1803:1280_1920x0_80_0_0_83d4f46299275f5358c4c68174fd39c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг
Як миллион қарзи Наимҷони Саидалӣ ва зӯргӯияш нисбати писархонд: шарҳи овозхон – видео
Наимҷони Саидалӣ, овозхони шинохтаи тоҷик дар бораи як миллион сомонӣ қарздор шудан ва навори зӯргӯияш нисбати фарзандхонди худ суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Наимҷони Саидалӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо” изҳор дошт, ки соли 2019 иштибоҳе карду 1 миллион сомонӣ қарздор шуд. Ӯ дар суҳбат бо Орзу Исо изҳор дошт, ки тайи ду сол бо талошҳо тавонист, аз ин вазъият барояду феълан ҳолаш хуб мебошад.
Овозхон нахост тафсилоти чӣ гуна қарздор шуданашро шарҳ диҳад, танҳо таъкид намуд, ки ин ба тиҷорат рабте надошту танҳо иштибоҳи ӯ буд, ки дигар такрор намешавад.
Наимҷон инчунин навори зӯргӯияш нисбати фарзандхонди худ Шердилро шарҳ додаст, ки ахиран пораи кӯтоҳе аз он дар интернет нашр шуда буд. Овозхон гуфт, Шердилро бо розигии модараш, ки дар Маскав аст, ба шогирдию фарзандхондӣ гирифтааст, то тарбият кунаду ҳунар омӯзонад. Наимҷон нақл кард, ки зимни як барнома дар ноҳияи Рӯдакӣ Шердилро диду сабт кард ва баъдан ба фарзандхонию тарбият гирифтааст. Писархондаш Шердили 14-сола феълан бо садою гиторнавозияш ба яке аз ситораҳои интернет табдил ёфтааст.
Дар мавриди ҳолати зӯргӯияш нисбати писархонд, Наимҷони Саидалӣ гуфт, шабона дар пахшҳои мустақим сурудхонӣ мекунанд ва он рӯз дид, ки Шердил хоб дораду ба таъкидҳои ба такрораш, ки равад хоб кунад, гӯш надод. Овозхон афзуд, ки дар натиҷа садояшро баланд карду ӯро тела дод, то равад хоб кунад, аммо дар интернет порае аз он нашр гардиду овозхон мавриди маломати корбарон қарор гирифт.
Овозхон изҳор дошт, ки бо вуҷуди беш аз 4 соли оиладорияш худаш ҳанӯз фарзанддор нашудааст ва Шердилро ба тарбияи худ гирифтааст, то ҳунар омӯзонад, калон шавад ва модарашро нигоҳ кунад.