https://sputnik.tj/20210320/aks-muhoriba-habib-Nurmuhammadov-1033039134.html
Қаҳрамон рафт: аксҳо аз муҳорибаҳои бидуни бохт ва хотирмони Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Қаҳрамон рафт: аксҳо аз муҳорибаҳои бидуни бохт ва хотирмони Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук бидуни ягон мағлубият ба корбурди варзишии худ нуқта гузошт 20.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-20T16:04+0500
2021-03-20T16:04+0500
2021-03-20T16:04+0500
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102981/63/1029816322_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_495b55c2f37ebf5ef67a417b382879b7.jpg
Ҳабиб Нурмуҳаммадов вразмикори доғистонӣ дар фаъолиятии варзишии худ ҷамъан 29 муҳориба доир кард ва боре ҳам ба бохт рӯбарӯ нашудааст.Ҳоло бошад ӯ расман тарки корбурди варзишии худ дар ин самти муҳориаҳои омехта намудааст.Размикори доғистонӣ пас аз муҳорибаи 29 - уми худ бо Ҷастин Гетҷи аз анҷоми фаъолияти варзишии худ хабар дод.Қаҳрамони UFC пас аз анҷоми муҳориба, ки бо пирӯзии ӯ хотима ёфт, гуфт, барояш бидуни падар, ки ҳамзамон мураббияш низ буд, муҳориба кардан мушкил аст. Аз ҷониби дигар, модари ӯ низ муқобили иштироки ӯ дар набардҳои минбаъда аст.Аммо, бисёриҳо бар ин назар буданд, ки Ҳабиб ҳатман бармегардад ва муҳорибаи 30 - юм, ки шояд охирон набард дар фаъолияти варзишии ӯ шавад, анҷом медиҳад. Ҳабиб, ки дар фаъолияти варзишии худ дар 29 муҳориба иштирок кард, боре ҳам мағлуб нашуд ва карераи худро акнун бидуни мағлуб шудан ҷамъбаст кард.Яке аз муҳорибаҳои ҳангомадори ӯ бо размикори ирландӣ Конор Макгрегор буд, ки Ҳабиб ӯро бо усули буғӣ кардан мағлуб намуд.
https://sputnik.tj/20210319/habib-tark-UFC-nafaka-1033028633.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102981/63/1029816322_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_df87cb96db9184f91d8acc3736ff9a7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс
Қаҳрамон рафт: аксҳо аз муҳорибаҳои бидуни бохт ва хотирмони Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук бидуни ягон мағлубият ба корбурди варзишии худ нуқта гузошт
Ҳабиб Нурмуҳаммадов вразмикори доғистонӣ дар фаъолиятии варзишии худ ҷамъан 29 муҳориба доир кард ва боре ҳам ба бохт рӯбарӯ нашудааст.
Ҳоло бошад ӯ расман тарки корбурди варзишии худ дар ин самти муҳориаҳои омехта намудааст.
Размикори доғистонӣ пас аз муҳорибаи 29 - уми худ бо Ҷастин Гетҷи аз анҷоми фаъолияти варзишии худ хабар дод.
Қаҳрамони UFC пас аз анҷоми муҳориба, ки бо пирӯзии ӯ хотима ёфт, гуфт, барояш бидуни падар, ки ҳамзамон мураббияш низ буд, муҳориба кардан мушкил аст. Аз ҷониби дигар, модари ӯ низ муқобили иштироки ӯ дар набардҳои минбаъда аст.
Аммо, бисёриҳо бар ин назар буданд, ки Ҳабиб ҳатман бармегардад ва муҳорибаи 30 - юм, ки шояд охирон набард дар фаъолияти варзишии ӯ шавад, анҷом медиҳад.
Ҳабиб, ки дар фаъолияти варзишии худ дар 29 муҳориба иштирок кард, боре ҳам мағлуб нашуд ва карераи худро акнун бидуни мағлуб шудан ҷамъбаст кард.
Яке аз муҳорибаҳои ҳангомадори ӯ бо размикори ирландӣ Конор Макгрегор буд, ки Ҳабиб ӯро бо усули буғӣ кардан мағлуб намуд.

Ӯ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, боре ҳам шикаст нахӯрд

Ҳабиб тактикаи махсуси зарбарсонӣ дорад ва ҳарифони ӯ борҳо аз қавӣ будани Ҳабиб иқрор шуданд

Рамзмикори доғистонӣ пас аз анҷоми муҳориаи охири худ, эълон кард, ки дигар ба октагон намебарояд

Сабаби аз варзиш рафтанро Ҳабиб чунин шарҳ дод, ки" ба ӯ бидуни падар муҳориба кардан мушкил аст"

Аз ҷониби дигар, модараш низ талаб намудааст, ки аз муҳорибаҳо комилан даст кашад

Бисёриҳо бар ин назар буданд, Ҳабиб ҳатман бармегардад

Президенти UFC Дана Уайт низ то охир боварӣ дошт, ки Ҳабиб муҳорибаи охирони худро ҳатман анҷом медиҳад

Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором

Аммо рӯзи гузашта, Дана Уайт расман эълон кард, ки Ҳабиб бознишаста шуд

Президенти UFC барои набардҳои хубу диданӣ ба Ҳабиб изҳори миннатдорӣ кард

Худи Ҳабиб дар чанд баромадҳои ахири худ гуфт, ки ба риштаи футбол мепайвандад