Файзов аз расму русуми бадахшониҳо гуфта, ҳамагонро бо Наврӯз муборакбод кард

© Мақомоти ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шарҳ дод, ки чаро СММ ин ҷашнро ҷаҳонӣ хонда, таҷлил намудани онро дар манотиқҳои мухталифи сайёра тавсия дод
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Файзов Ёдгор раиси ВМКБ бо ирсоли паём тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ муборакбод намуд.
Рамзи Наврӯз 2021 дар Тоҷикистон чиро ифода мекунад?
Дар матни табрикотии Файзов, ки котиботи раиси вилоят онро нашр намудааст, шеваи таҷлил кардани ин ид дар Бадахшон шарҳ дода шудааст.
Ба изҳори Файзов, дар аксар навоҳии Бадахшон дар нахустин рӯзи ид баъди анҷоми поккорӣ ва тоза кардани хонаҳои аҷдодию гирду атроф,​ пухтани таомҳои наврӯзӣ сар мешавад.
"Дар рӯзи дуввум аҳли хонавода бо таомҳои наврӯзи ба хонаҳои ҳамдигар, махсусан назди бузургсолон ва ашхоси муътабари маҳалла рафта, бо салому пайғоми наврӯзӣ эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд", - қайд намудааст раис.
Гузашта аз ин, Файзов, Наврӯз ҷашне номид, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамоядд
Ӯ мегӯяд, маҳз ба ҳамин хотир Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.
Файзов ба хонаводаи ҳар як тоҷикистонӣ покию сафо, хайру сахо, сидқу вафои наврӯзиро таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0