https://sputnik.tj/20210320/Bozdoshti-duokhon-jinbaror-aloqa-1033039292.html
Боздошти “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ
Боздошти “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як марди дуохони 72 – сола хабар додааст, ки бо баҳонаи дуохонӣ бо занони корафтода муносиботи шаҳвонӣ мекардааст 20.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-20T16:46+0500
2021-03-20T16:46+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
зан
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/83/1029518394_0:72:1451:888_1920x0_80_0_0_a8345129597bc5a40f375cd4ab40b957.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ба гузориши ВУД, боздоштшуда Абдуллоев Ғайбулло, сокини ноҳияи Шаҳристон, мебошад, ки баробари дуохонию динбарорӣ дар хонаи худ тариқи даъват дар хонаи корафтодагон низ ҷинбарорӣ мекардааст.Манбаъ таъкид кард, ки Абдуллоев маълумоти динӣ надорад ва маънои дуоҳои хондаашонро намедонад. Инчунин зикр шудааст, ки бо бархе аз мизоҷон бо истифода аз ҳиссияти динияшон муносиботи шаҳвонӣ анҷом медодааст. Ба иттилои ВУД, аъмоли ин мард баъди шикояти як зан зимни амалиёти оперативӣ ошкор шудаанд. Дар навори оперативӣ лаҳзаҳои бӯсобусии мард бо зане сабт шудаанд. “Дар ҳамаи китобҳо зино ҳаром гуфта шудааст, ҳамон рӯз худамро дошта, натавонистам, сустӣ кардам, гуноҳ кардам. Худам ин гуноҳамро бахшида наметавонам”, - изҳор медорад Абдуллоев дар гузориши ВУД.Шароити сабти навор ва назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин қазия феълан маълум нест. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 142 – Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз гардида, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20200316/Tafsiloti-beshtari-bozdoshti-Mullo-professor-dar-Hisor-video-1030883365.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/83/1029518394_0:0:1451:1088_1920x0_80_0_0_53d9c1ed2511b0c5510943130cb32295.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, зан, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, зан, дар тоҷикистон
Боздошти “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ
16:46 20.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як марди дуохони 72 – сола хабар додааст, ки бо баҳонаи дуохонӣ бо занони корафтода муносиботи шаҳвонӣ мекардааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ба гузориши ВУД, боздоштшуда Абдуллоев Ғайбулло, сокини ноҳияи Шаҳристон, мебошад, ки баробари дуохонию динбарорӣ дар хонаи худ тариқи даъват дар хонаи корафтодагон низ ҷинбарорӣ мекардааст.
Манбаъ таъкид кард, ки Абдуллоев маълумоти динӣ надорад ва маънои дуоҳои хондаашонро намедонад. Инчунин зикр шудааст, ки бо бархе аз мизоҷон бо истифода аз ҳиссияти динияшон муносиботи шаҳвонӣ анҷом медодааст. Ба иттилои ВУД, аъмоли ин мард баъди шикояти як зан зимни амалиёти оперативӣ ошкор шудаанд. Дар навори оперативӣ лаҳзаҳои бӯсобусии мард бо зане сабт шудаанд.
“Дар ҳамаи китобҳо зино ҳаром гуфта шудааст, ҳамон рӯз худамро дошта, натавонистам, сустӣ кардам, гуноҳ кардам. Худам ин гуноҳамро бахшида наметавонам”, - изҳор медорад Абдуллоев дар гузориши ВУД.
Шароити сабти навор ва назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 142 – Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз гардида, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.