Борону жола меборад: ҳавои Наврӯзии Тоҷикистон ноустувор аст

© SputnikПохолодание в Душанбе, архивное фото
Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Обуна шудан
Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои Наврӯзии кишвар боронӣ мешавад. Ҳамчунин меғ мефарояду дамои ҳаво сард мешавад
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво абрнок шуда, боридани борону жола дар назар аст, хабар медиҳад Ожонсии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ имрӯз ҳаво абрнок буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон меборад. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар баст.Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Меғ мефарояду гарм мешавад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Дар вилояти Хатлон низ борон важола меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада. Боридани жола пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа гарм ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0